Ин рӯзҳо бори дигар шоҳиди ҷилваҳое аз адами аҳлияти режими ҷаббор ва хунрези оли Саъуд барои ҳокимият бар сарзамини ваҳй ва сарпарастии уммулқурои ҷаҳони Ислом ҳастем; Режиме ки аз ҳамон оғоз шаклгирӣ дар бодеаҳои наҷоди, бо шиъори такфири мусалмонони мухолиф ва саркӯби нидои мунтақидони худ, бар сари кор омада ва подшоҳии оли Умаяро бо мантиқи мустакбирона ва муфсидона эҳё намуд ва ҳокимияти ҷълӣ худро бо зулм ва ҷиноят ба рӯӣ хуни мусалмонони мазлум ва мустазъафи минтақа устувор сохт ва сипас дар ҳоле ки худро намояндаи Ислом ва танҳо мунодии тавҳид дар ҷаҳон мешумурад, ба оғӯши ғарб ғалтид ва ба урдугоҳи куффор ва мушрикин пайваст ва бо сӯъи истифода аз даромадҳои ҳосил аз ҳарамайни шарифайн ва захоъири беҳисоби нафт дар шибҳа ҷазира, ба тасбити ҳокимияти золимон ва нашри ақойиди инҳирофӣ ва ширкомези худ дар ҷаҳон пардохт.
Имрӯз низ равиши ворисони писари Саъуд ва писари Абдулваҳҳоб, ҳеҷ тағйире накардааст; Зеро инон ҳанӯз монанди ниёкони саффок ва ҷоҳталаб худ ҳозиранд барои ҳифзи ҳокимияти номашрӯъи худ ки ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1543/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев