Шайтон нахустин касе буд, ки баъзе корҳоеро муртакиб шуд, ки пеш аз ӯ касе онҳоро анҷом надода буд. Корҳои муртакибшудаи шайтон ба ин қароранд:
— Шайтон аввалин касе буд, ки қиёс намуд ва худро аз Одам (а) бартару болотар дониста гуфт: «Ман аз оташам ва ӯ аз хок, дар ҳоле ки оташ аз хок болотар аст. (сураи «Аъроф», ояти 12).
— Аввалин касе буд, ки дар пешгоҳи бо азамати илоҳӣ такаббурӣ намуд ва ба дастури холиқи худ амал накард.
— Аввалин касе буд, ки маъсият ва нофармонии Худоро кард ва ошкоро ба Ӯ мухолифат намуд.
— Аввалин касе буд, ки ба дурӯғ гуфт: «Худо гуфта аз ин дарахт нахӯред, чун дарахти ҷовид аст ва агар касе аз он бихӯрад то абад зинда мемонад ва бо Худо шарик мешавад» (сураи «Тоҳо», 20).
— Аввалин касе буд, ки савганди дурӯғ хӯрду гуфт: «Ман шуморо насиҳат мекунам» (сураи «Аъроф», 21).
— Аввалин касе буд, ки минбар рафт ва барои малоика суханронӣ ва сӯҳбат кард.
— Аввалин касе буд, ки ба Худо шарик овард.
— Аввалин касе буд, ки ибодату бандагии ӯ фариштагонро ба тааҷҷуб овард.
— Аввалин касе буд, ки ба Худои худ эътироз кард.
— Аввалин касе буд, ки шабеҳ шудан ба дигаронро матраҳ ва мардумро ба он ташвиқ кард. — Аввалин касе буд, ки сеҳру ҷоду кард ва онро ба мардум ёд дод. (сураи «Бақара», ояти 102).
— Аввалин касе буд, ки макру ҳилла намуд.
-Аввалин касе буд, ки наққошӣ карду чеҳра кашид.
— Аввалин касе буд, ки оташи ҳасадаш шӯълавар шуд.
— Аввалин касе буд, ки ба ноҳақ даъвову ҷидол кард.
— Аввалин касе буд, ки Худои таоло ба ӯ лаънат намуду аз нороҳатӣ фарёд кашид. (сураи «Сод», ояти 78).
— Аввалин касе буд, ки ба Худо куфр варзид. (сураи «Сод», ояти 74). — Аввалин касе буд, ки гиряи дурӯғ кард.
— Аввалин касе буд, ки ибодату хилқати худро сутуд.
— Аввалин касе буд, ки суратҳои муҷассама ва бутро сохт. (сураи «Моида», ояти 89).
— Аввалин касе буд, ки Ҷабраил, Микоил ва Исрофил ӯро лаънат карданд.
— Аввалин касе буд, ки аз тарси малоик фирор карду худро махфӣ намуд...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1