Ногоҳ як шере ба тарафи мард ҳамла кард, мард аз тарс роҳи гурез мекофт. Ногоҳ назараш ба як ғоре меафтад, давида худро ба даруни ғор мепартояд. Вадар як ресмони даруни ғорбуда овезон мешавад. Дар даруни ғор назараш ба поён меафтад мебинад, ки дар поён як море ҳаст, дар ҳамин лаҳза муше бо ресмон баболо баромада ресмонро мехояд. Мард аз тарс ба ҳартараф назар намуда чи коркарданашро намедонад. Ногоҳ чашмонаш ба сурохие меафтад, дасташро даруни сурохи медарорад. Дар сурохи, занбури асал хона намуда будааст, дасташро бароварда ангуштонашро бадаҳонаш бурда мелесад, аз ширинии асал тамомиҳодисаро фаромуш мекунад. Дар ҳамин лаҳза аз хоб бедор мешавад ва пагоҳи ба назди олиме рафта таъбири хобашро мепурсад. Олим табассуме намуда ба у мегуяд, ки он шере, ки ба ту ҳамланамуд, у Ҳазрати Азроил (А.с.) аст ва он ғоре, ки ту худро даруни он партофти қабр, он море ки даруни ғор буд, азоби қабр ва ресмоне, кидарон овезон шуди умр ва муше, ки ресмонро мехойд, рузҳоеки аз умрат гузашта истодабуд, он асале ки хурди ва ҳамаи инро фаромуш карди ин моли дунё буд, ки ту охиратро фаромуш карди!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3