Ҳамдигарро фаҳмида, муросо намоед ва ғамхори ҳам бошед
Мард намедонад, ки дар зер мор ҳаст.
Зан бехабар, ки мардро санг зер кардааст.
Зан дар худ "Ҳозир меафтам. Мор газид. Ба боло ҳаракат карда наметавонам! Чаро ӯ барои наҷот додан кӯшиш намекунад?" меандешад.
Мард "Аз дард хаста шудам. Бо тамоми нерӯ ҳаракат мекунам, то ӯро боло барорам! Чаро вай кам ҳаракат карда, барои боло баромадан талош намекунад?" аз дил мегузаронад.
Мо на ҳама вақт медонем, ки инсони наздикамон дар чӣ гуна вазъият, зери чӣ гуна фишорҳо қарор дорад. Шояд ӯ ҳам намедонад, ки мо хаста шудем ё ранҷидахотирем.
Агар дар роҳи умр муаммо ва мушкилоте пеш ояд, хоҳ дар кор, хоҳ бо дӯстон, хоҳ дар оила - кӯшиш кунед, ки ҳамдигарро фаҳмида, муросо намоед ва ғамхори ҳам бошед.