Духтар гуфт: Ба шарте, ки модарат ба арусӣ наояд. Он ҷавон дар кори худ дармонд, назди устоди худ рафт ва ба устодаш чунин гуфт: Дар синни яксолагӣ падарам аз дунё гузашт ва модарам барои ин ки харҷи зиндагиямонро таъмин кунад, дар хонаҳои мардум рафт ва либос мешуст. Ҳоло духтаре, ки хело дусташ дорам шарт карда, ки фақат бидуни ҳузури модарам ҳозир ба издивоҷ бо ман аст. На фақат ин, балки ин гузаштаи модарам маро хиҷолатзада карда аст, ба назарат чи кор кунам? Устод ба у гуфт: Аз ту хостае дорам, ба манзилат бирав ва дастони модарато бишуй, фардо ба назди ман биё бароят мегуям чи кор кун. Ҷавон ба назди модараш рафт ба ҳавсала дастҳои модарашро дар ҳоле, ки ашк аз чашмонаш сарозер мешуд анҷом дод. Зеро авалин бор буд, ки дастони модарашро дар ҳоле, ки аз шиддати шустани либосҳои мардум беқувват ва фарсуда шуда буданд тавре, ки вақте обро руи дастонаш мерехт аз дард ба ларза меяфтод. Пас аз шустани дастони модар натавонист, то фардо сабр кунад ва било фосила ба устоди худ занг зад ва гуфт: Мамнунам, ки роҳи дуруст бароям нишон додӣ ва ман модарамро ба тамоми дунё иваз намеямоям, чунки модарам зиндагиашро барои ояндаи ман табоҳ кард.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 15