Ту пистон додиву карди калонам, Ба руи дахр карди рахравонам, Чунон киммат маро карди ки чонам, Аё модар барои ман дуо кун. Ба дарди худ чаро дардам куни зам, ТУ аз бахрам чаро охир хури гам, Кучост он дам ки як дам мезани дам, АЁ модар барои ман дуо кун. Худовандам кунад дарди туро кам, Зи ман бодо хамеша хотират чам, Ту фонусу манам дар синаат шамъ, Аё модар барои ман дуо кун. Касам доим хурам модар ба шират, Бихишти ман бувад домони пират, БА пири кош бошам дастигират, Аё модар барои ман дуо кун. Сафар бастам ту басти тушаи рох, Зи оташдон дар он хоки ватан чо, Кашида вакти рафтам охи чонкох, Аё модар барои ман дуо кун. Макун гуфти фаромуш ин иморат, КАломуллох бибусу кун зиёрат, Кунун гуфти сафар кун ихтиёрат, Аё модар барои ман дуо кун. Зи остинам кашид пас дастаки дар, Кунун ман посибони ин дару фар, Макун аз сар бадар гуфт охи модар, Аё модар барои ман дуо кун . Сафар кардам зи пуштам модари чон, Намуда ашки худро резаборон, Биё тезтар бигуфту карда афгон, Аё модар барои ман дуо кун. Гарибиям варо охир кунад кур, Зи пазмонии ман гардида ранчур, Битарсам з-он расам охир сари гур, Аё модар барои ман дуо кун.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3