Предыдущая публикация
Ҳайфи он рухсори зебоям ки ёри ман надид, Баъди реҳлат аз ҷаҳон он руи зебоям куҷост Мебаранд моро ба суи хуфтагони хокдон, Тан дарунаш хок гардад чашми шаҳлоям куҷост? Дил чи бандем мо ба дунёи фанои нопойдор Аз Сафиуллоҳ бидон то насли бобоям куҷост? Рузи ман гар бар сари бозору савдо бигзарад, Дар мазори хуфтагон бозору савдоям кучост? Гиряи мо баъди марг андешаи беҳуда аст, Чун ҷудо гардем зи ҷон он ҷисми танҳоям куҷост? Ру ба суи Ҳақ бигардон илтиҷои авф бикун, Чун надорам роҳи дигар шури беҷоям куҷост Дар ҳаёт нагирифтем дасти бечорагон, Ман намедонам бади мурдан оқибат ҷоям куҷост?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев