Вале ман з-ин ҳама сарфи назар кардам, Бале, худро ба нодонӣ задам маҷбур, Гаҳе кар будаму гаҳ кӯр. Чаро ки ин замон ойинаам муҳтоҷ бар хокистари инҳост, Зи бас музди маъоши тифлакон дар кишвари инҳост. Зи баски нону оши тифлакон дар кишвари инҳост. Бубахшо, эй Ватан-Модар! Агарчи дӯст медорам туро бо ҷон, Вале фарзанди худро дӯсттар дорам. Агарчи ту маро зодӣ, Пару боли расо додӣ, Раҳи фардом бикшодӣ... Вале имрӯз роҳамро дигар кардам, Нигоҳамро дигар кардам, Бубахшо, сарпаноҳамро дигар кардам. Шабонрӯзӣ намози ишқ мехонам, Намози ишқи ту, ёди ту, номи ту, Намозамро набошад ҳеҷ таъхире, Намозамро набошад ҳеҷ тағйире, Валекин ҷонамозамро дигар кардам, Валекин саҷдагоҳамро дигар кардам. Ватан, ту қиблаам ҳастӣ, Ватан, ту қибла мемонӣ, Ки ҳаргиз қибларо дигар нахоҳам кард.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1