Деҳаи зебоманзаре роҳати ҷон бошад Висхарвдара.
Ҳар тараф гар бингарӣ, гулҳо шукуфта ранг ранг,
Лолазораш бешумор, дигар чӣ сон бошад Висхарвдара.
Ҳам ба ҳар навъ меваҳояш ширину лазизанд як тараф,
Дар мағзу мавиз, чун биҳишти ҷовидон бошад Висхарвдара.
Не ҳавояш гарму не сард, бошад фораму муътадил,
Ҳар маконе хуш бувад беҳтар аз он бошад Висхарвдара.
Чашмаҳои сарду ширин, дон, ки дар тамоми фасл,
Роҳатафзои дили пиру ҷавон бошад Висхарвдара.
Гар кунӣ аз ҳар баландӣ дар куҳу камараш,
Дон, ки мақбуле ба табъи оқилон бошад Висхарвдара.
Вастани уро кун тамошо, номаш машҳури ҷаҳон,
Манзили хуш, ҷои сайри бузургон бошад Висхарвдара.
Дар баҳораш дида во кун, суи гулзора нигар,
Саҳни гул, ҷои навои булбулон бошад Висхарвдара.
Ҳам ба чапу ҳам ба рости у бошад қуллаҳои сарбаланд,
Дон аз гузашта, исми у аз ин нишон бошад Висхарвдара.
Одамони у, бидон аз қадим оқилу доно будаанд,
Ин сухан бишнав аз Ҷон; Хушмардумон бошад Висхарвдара.
Фаҳм кун, ҳар қуллааш бахшида дилҳоро фараҳ,
Фахри Дарвозу, зеби Бадахшон бошад Висхарвдара.
Дон Ҷонӣ, охир бо ҳама таърифу таҳсинат,
Ба Ватандораш беҳ аз чамбули мастон бошад Висхарвдара......
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев