Предыдущая публикация
Дар ҷодаи ҳикматаш равонам.
Аз ҷаври ҳаводиси замона,
Дар сояи дасти ӯ амонам.
Ӯ аст илоҷи мушкилотам,
Ӯ аст ҳабиби роздонам.
Дар лайлу наҳору субҳгоҳон,
Номи хуши ӯст дар забонам.
Ҳар як сухани гуҳарбораш,
Файзест ба ақлу ҷисму ҷонам.
Аз ӯст барори кору борам,
Аз ӯст ривоҷи хонадонам.
Аз нури чароғи ҷонфизояш,
Ботил шуда шубҳаву гумонам.
Ҷуз маслаки соҳиби замона,
Роҳву равиши дигар надонам.
Собир манаму зӣ мустамандон,
Камтар зӣ сагони остонам.
Аз асли ватан агар бипурсӣ,
Дар гӯшаи Андароб маконам.
Бо биниши танг,забони оҷиз,
Кай васфи сифоти ӯ тавонам.
То ин, ки кунам ҳамеша мадҳаш,
Ё Раб “яфтаҳ уқда мил лиссон” ам (1)
1) Парвардигоро, гиреҳро аз забонам бикушо
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев