СОЯИ ТАНҲОӢ...
Оҳ , ман будам, ки эҳсоси туро,
Хоҳиши як кудаке пиндоштам.
Дар кавири бетаманнои хеш,
Дона дона ашки ҳасрат коштам.
Ин манам гумкардароҳи хастае,
Сар ниҳода руи дастони ғурур.
Номаи ҳарфи ҷудоӣ руи лаб
Як сафири бевафо аз роҳи дур.
Шодикаф аз ишқҳои сар сарӣ,
Пушти нохун бар ҳама дунё задам.
Нақши лабханди ҳавасҳои туро,
Оҳ ман будам, ки пушти по задам.
Вой, аз ин ҳисси поизии ман,
Гуфт: "-Пайки навбаҳорам нестӣ.
Духтаре бо орзуҳои ғариб,
Лоиқи тахти канорам нестӣ"
Оҳ ман будам, ки дар пиндорҳо,
Як сари сузан накардам ёди ту.
Чашмҳоямро ҳаловат додаам
Беибо, бар саҳнаи фарёди ту.
Бар дили озурдаат оташ задам,
Шуълааш, аммо гиребонам гирифт.
Баъди ту бо ин ҳама худкомагӣ,
Сояи танҳоӣ, меҳмонам гирифт.
Меравӣ? Ай кош хушҳолат кунад
Сархати байти наве дар дафтарат.
Лоиқи ишқат набудам, дигаре
Тоҷи хушбахтӣ гузорад бар сарат!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 7
Гариби дидаи гирёни Модар