Аввал танҳо ошноӣ карданд, зеро якдигарро пурра намедонистанд. Ошноӣ ба дараҷае ҷиддитар гардид, ки пас аз гузашти ҳафтае ёди Об мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки Гул ошиқи Об шудааст.
Гуле, ки бори аввал ошиқ шудааст, аз шодии зиёд ба гирду атрофаш бӯи тоза ва хуш паҳн мекунад. Рӯзе ба Об нигариста мегӯяд:
Туро дӯст доштам ва ба ту ошиқ шудам, аз ин рӯ ман тағйир ёфтам ва ба атроф бӯи зебоямро пахш мекунам.
Ҳиси ошиқӣ дар дили Гул аланга заданро дучанд мекард. Гул доимо ба Об нисбати дӯстдорияш ҳарф мезад ва ҳатто доимо бо овози маҳин ва пур аз умедҳо ба Об мегӯяд, ки «туро дӯст медорам».
Об дӯстдории самимӣ нишон намедод. Гул дарки он мекунад, ки Об ӯро на он қадар дӯст медорад ва ин ба Гул ғаму дард овард. Гул доимо ба худ суол мекунад, ки чаро Об маро кам дӯст медорад, магар лоиқаш нестам.
Рӯзе Гул ба Об мегуяд, ки намедонӣ магар, туро бениҳоят дӯст медорам. Об бошад, танҳо ва танҳо мегӯяд, ки «ман ҳам». Ин сухан Гулро шод намекард, аммо Гул доимо ва аз таҳти дил ба Об мегуфт, ки «ман туро дӯст медорам». Гул аз буйфишонӣ мемонад. Хазон шудан мегирад.
Яке аз рӯзхо Гул тамоми ҳастияшро ҷамъ намуда бо як умеди тоза назди Об омада бо чашмони пур аз ашк ва бо дили пур аз муҳаббат мегӯяд, «ман туро ҳоло ҳам дӯст медорам ва дӯст хоҳам дошт». Об бошад, ба як муомилаи хунукназарӣ ба Гул мегуяд, «ман ҳам дӯстат медорам, бояд, ки сад маротиб гӯям?».
Гул ба хонаи танҳохобудаи худаш меояд ва ба болинаш меафтад. Бемор мешавад. Хазон меградад.
Баъди чанд руз Об ба зиёрати Гул меояд, то кӯмакаш кунад. Маълум буд, ки Гул мемирад. Об болои сари Гул навбатдорӣ мекард. Гул бо азоб сарашро аз болишт бардошта ба Об мегӯяд, ки «ман туро бениҳоят дӯст медорам ва касе туро ба мисли ман дӯст нахохад дошт.»
Табибе даъват мекунад. Табиб меояду ташхис мекунад ва мегӯяд:
«Мутассифона аз дастам чизе намеояд. Бемор мемирад. Илоҷе дар дастам надорам.»
Об ҳайрон мешавад, ки ин чи беморист, ки Гулро ба марг мерасонад. Об aз табиб сабаби марги Гулро пурсон мешавад. Табиб мегӯяд, ки Гул ҳеҷ дарде надорад. Ба Гул эътиборе надодаӣ, танҳо бе об мондааст ва сабаби маргаш ҳамин ҳасту халос.
Баъди сухани табиб, Об мефаҳмад, ки танҳо сухани «дӯстат медорам» кифоягӣ намекардааст, аммо ҳайҳот, ки дер шудааст.
*** Шумо низ дер намонед!
Танҳо бо сухан не, ҳаракат кунед, ки дӯстдориатонро исбот кунед ва чизеро барояшон дареғ мадоред. Ҳоло ҳам вақт доред, дидорбиниро ғанимат шумуред, то гулатон ба мисли Гул хазон нагардад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев