Предыдущая публикация
Чаро,эй дӯст хомӯшӣ?
Намедонам,вале шояд
Ту мехоҳӣ,ки бо он рафтани бешаҳр
Ба зери қиссаи мо нуқтаҳо монӣ
Зи нақши по
Чу рамзи нотамомиаш.
Чаро ин сужаи мақбул
Чунин дар нимараҳ бояд,ки анҷомад?
Намедонам,вале шояд
Ту аз фарҷоми он огоҳтар будӣ.
Ва тасмимат ҳамин будааст,
Ки ман бояд надонам мунтаҳояшро.
Кунун ман бо хати ашкам
Ба рӯи поварақҳо менависам нақди ғамгине:
Ало ëри мусофир дар биëбонҳои хомӯшӣ!
Тамоми ҳиҷратат аз ман,
Барои як расидан буд,
Барои як расидан то ҳади сарди фаромӯшӣ.
Танини нолаҳои ман ба гӯшат мерасад оë,
Чаро,эй дӯст хомӯшӣ?
Чаро,эй дӯст хомӯшӣ?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев