Информация 𝐀⋆ 𝐊⋆ 𝐁⋆ 𝐀 доступна только авторизованным пользователям.

Все заметки

Фид

ЭЙ ХУДО 🤲

Эй Худо андар лаҳад танҳо ману ëрам Туи Эй Худо тарсида ман ëри харидорам Туи Эй Худо шарманда ман саттори айбпушон Туи Эй Худо бад карда ман султони Раҳмонам Туи Очизи муъмин ман ғамхорӣ даст гирам Туи Эй Худо бечора ман ҳам чорасози ман Туи Эй Худо ман гунаҳкор, корсози ман Туи Эй Худо ман шармсор омузгори ман Туи Эй Худо ман нобарор ҳоҷат барори ман Туи Эй Худо ман номурод кулли муродам Туи Эй Худо чун он роҳ ман ҳам раҳнамои ман Туи Кору борам мушкилот мушкилкушои ман Туи Эй Худо ман бемор хоҳ зиқ табиби ман Туи Эй Худо андар лаҳад пушту паноҳи ман Туи Эй Худо кулли бандагонатро харидораш Туи
ЭЙ ХУДО 🤲 - 960123054944
Фид

Манро зиё набошад ғайри зиёи Оча.

Дар хонаи дили ман нуру сафоӣ, Оча, Дар манзили умедам савту навоӣ, Оча. Дунё нахоҳам асло бе туву бе нигоҳат, Дунёи ман ту ҳастӣ, онро ҷилоӣ, Оча. Ғайри ту нест асло имдодгар ба дунё, Бар дардҳои ҷонам худ ту давоӣ, Оча. Бо дастҳои нармат сила кунӣ сарамро, Бо ҳарфҳои гармат ҳикматсароӣ, Оча. Аз ранҷу дарду офат, аз ҳар балову кулфат, Доим нигоҳ дорад дасти дуъои Оча. Дар тифлию ҷавонӣ Фирдавс хонаи ман, Ҷаннатмакон бидонам ман хоки пои Оча. Гоҳе миёни ёрон ё ки ба худ ягона, Ҳар дам ба гӯшам ояд ҳарфу хиҷои Оча. Кошонаам пур аз нур, эй дӯстони машҳур, Манро зиё набошад ғайри зиёи Оча. То ман киям, бидонам, лафзи варо бихонам, Аллоҳро биомӯхт он алл
Манро зиё набошад ғайри зиёи Оча. - 959333650784