Ҳукм модарро бароям доранду маро аз ду фарзанди ҷигарбандаш кам намедонанд.
То ҷое мо бо модари азиз-Марҳаматхон ҳамтақдирем. Ин яке аз умумиятҳои мост, ки моро боз ҳам бо якдигар қарин кардааст.
Бонуи заҳматкаш хеле барвақт аз ҳамсари азизашон маҳрум монданд. Дар садамаи нақлиётӣ шавҳарашон ҷони худро аз даст доду бибии Марҳамати он вақт 29-соларо бо 3 фарзанд дар чорроҳаи тақдир танҳо гузошт. Чандин муддат барои рафиқи зиндагияш, ки ҳаётро бо ҳазор армон падруд гуфт, дилозурдаву аз зиндагӣ дилсард гаштанд...
Аммо ба хотири тифлаконаш боз ба по хестанд. Осон набуд дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳубини се тифли хурдсол...
Аммо бо меҳнати сангин ризқашонро модар пайдо ва бо луқмаи ҳалол шикамашонро сер мекарданд. Ҳаргиз шиквае аз рӯзгори вазнинаш надоштанд. Баръакс, Худоро шукр мекарданду аз рӯзгори доштаашон розӣ буданд...
Имтиҳони дигаре низ эшонро дар пеш буд... Яке аз гулписаронаш ҳангоми оббозӣ ғарқ шуду боз доғи дигаре дар дили модар пайдо шуд, захмҳои қадимӣ рӯ заданд..
Аммо боз ҳам ояти шукронаробар лаб вирд мекарданд модари хунҷигар...
Имрӯз ду фарзандаш калон шудаанду аз пайи рӯзгори хешанд. Тарбияи дурусти модар боис шуда, ки ҳарду дар ҷомеа мавқеи муайяни худро дошта бошанд. Хусусан, гулписарашон-додари азизи ман-Олимчон Курбонов обрӯву эътибори хоссе дорад дар байни ҳамкорону ҳаммеҳанон. Ҷавони чолоку кордон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайваста дар роҳи ободию ободкории зодгоҳи хеш-шаҳри Панҷакент талоши зиёд ба харҷ медиҳад...
Суханҳои зиёде дорам дар ҳаққашон, зеро ба ҳама ҳарфҳои наку сазоворанд модари азиз-Марҳаматхон... Аммо суханро кӯтоҳ мекунам...
Бо як ҷаҳон меҳру ихлос зодрӯзашонро табрик гуфта, барояшон тансиҳатию дили беғам, дидаи бенам аз Худованди бузург талабгорам.
Бо эҳтиром Дилафрӯз Қурбонӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев