Дар ризояш ҷаннате пеши дараст.
Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист,кист?
Модарасту Модарасту Модараст.
Шири покаш лаззате аз Кавсараст,
Аз ҳама шириниҳо ширинтараст.
Баъди Ҳақ чун розиқи мо кист,кист?
Модарасту Модарасту Модараст.
Ҳар садояш бар дили мо ҷавҳараст,
Аллаҳояш як каломи дигараст.
Хушзабону нотиқи мо кист,кист?
Модарасту Модарасту Модараст.
Кокули испеди ӯ мушки тараст,
Рӯи ожангаш чу моҳи анбараст.
Нури шоми торики мо кист,кист?
Модарасту Модарасту Модараст.
Ҳар дуояш баҳри мо бахтовараст,
Чун давое бар дилу ҷону сараст.
Пас табиби ҳозиқи мо кист,кист?
Модарасту Модарасту Модараст.
Қуввати дил гарчӣ моро додараст,
Баҳри мо дилсӯз гарчӣ хоҳараст.
Бовафову содиқи мо кист,кист?
Модарасту Модарасту Модараст.
Ёқуту марҷону дуру гавҳараст,
Аз ҳама ганҷи ҷаҳон қимматтараст.
Бебаҳо бар Тоҷики мо кист,кист?
Модарасту Модарасту Модараст.
(Муродии Хатлонӣ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 13
Бигардам гирди хокат модари ман.
Ба кадри модаронатон бирасед.ки вай хар руз дар баратон нест