Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.
Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ,
Дарёб, к‐аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.
Не ҳар кӣ чашму гўшу даҳон дорад, одам аст,
Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.
Он аст одамӣ, ки дар ў ҳусни сиратест,
Ё лутфи суратест, дигар ҳашви олам аст.
Ҳаргиз ҳасад набурдаву ҳасрат нахўрдаам,
Ҷуз бар ду рўйи ёри мувофиқ, ки дар ҳам аст.
Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд,
Бўйи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст.
В‐он сангдил, ки дида бидўзад зи рўйи хуб,
Пандаш мадеҳ, ки ҷаҳл дар ў нек маҳкам аст.
Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ,
В‐ар ҳаст дар муҷовирати ёри марҳам аст.
Гар хуни тоза меравад аз реши аҳли дил,
Дидори дўстон, ки бубинанд марҳам аст.
Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф,
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст.
Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,
Саъдӣ ба рўйи дўст ҳамарўза хуррам аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2