Предыдущая публикация
Бас сони абр ашки ӯ марезон.
Касе бинҳод қалбаш пеши поят,
Навозиш кун, навозиш кун, маранҷон.
Пас аз ман ҳар касеро дӯст дорӣ,
Макун бозичааш, хоҳишам ин аст.
Чунон ки бозӣ кардӣ бо мани зор,
Ба ӯ ҳам зиндагияш гар чунин аст.
Пас аз ман ҳар касе гиряд ба пешат,
Бидон, ки дар самимият чу ман не.
Туро гар дӯст дорад қайсвора,
Бидон, ки ҳам чу ман бо ҷону тан не.
Касе бӯсад лабат, бар ёд овар,
Лабам бӯсида буд, рӯят замоне.
Ба мижгонам рабудам гарди поят,
Кунун, ки мебарӣ аз ман ҷаҳоне!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2
Ж ду т е бя в во ц ап
7.9 2~6`5-9`2,3.1~7.9