Маҷмуаи ҳикояҳои нависандаи тоҷик Баҳманёр барои ман намунаи тасдиқи сарватҳои то ба ҳол нашинохтаи адабиёти Осиёи Марказӣ мебошад.
Микола Васкив
адабиётшиноси украин
Боистӣ гуфт, ки Баҳманёр воқеан нависандаест, ки дар адабиёти тоҷики садаи 20 бунёди худро сохтааст, ки он аз рангомезиҳои широна ва зебои ҳаводиси зиндагии гузашта ва имрӯзаи мардуми тоҷик сарчашма мегирад... Романи "Шоҳаншоҳ"-и Баҳманёр дар насри имрӯзаи тоҷик падидаи адабии камназирест, ки аз дидгоҳи меъёрҳои романнигорӣ бо насри Япония ва Америкаи Лотин мутобиқат мекунад. Ин асар насри тоҷикии давраи Истиқлолро ҳам аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва ҳам аз нигоҳи ҳунари нависандагӣ зинат додааст.
Алиасғари Шеърдӯст
муҳаққиқи эронӣ
Баҳманёр ба адабиёт бо қаҳрамонон, биниш, равиш, тарзи нигориш, забон ва тарзи баёни вижаи худ ворид гардид, ки он дар насри кунунии тоҷикӣ як падидаи адабии бесобиқа ва фавқулода буд.
Баҳманёр, барҳақ, пешсафу пешрави насли солҳои 80-ум дар насри тоҷикӣ мебошад ва табиист, ки муҳимтарин дастовард ва вижагиҳои он низ, пеш аз ҳама ва беҳ аз ҳама, дар навиштаҳои ӯ инъикос ёфтаанд.
Дар насри Баҳманёр ҳама чиз - воқеа, қаҳрамон, забон ва тарзи баён, биниш, равиши тасвир, замону макон - нодир, ғайриодӣ, ғайримуқаррарӣ, ғайримаъмулӣ, ғайримунтазира, фавқулода, аҷиб, ҳайратангез, нотакрор ва нав мебошанд.
Абдунабӣ Сатторзода
профессор ва адабиётшинос
Баҳманёр як падидаи комилан махсус дар адабиёти мост. Ӯ адабиёти ҷаҳонро фаро гирифта, як услубу сабки худашро пайдо кард. Забони асарҳои Баҳманёр фарқ дорад. Ҳатто образҳои лаҳзавии ӯ хислату шахсияти худашонро доранд.
Абдураҳмон Абдуманнон
адабиётшинос
Баҳманёр аз диди ман нависандаест, ки назираш дар адабиёти мо набуда ва ҳанӯз ҳам нест. Ӯ танҳо нависандаи тавоност, ки метавон достонҳои кӯчаки ӯро бо беҳтарин шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон дар ин навъи адабӣ муқоиса кард.
Талоши беш аз сию чандсолаи Баҳманёр дар ҳавзаи адабиёти достонӣ, ҳамчунин фаъолиятҳои фарҳангию иҷтимоӣ ӯ, на қардршиносӣ шудааст, на чунонки мебояд арзёбӣ шудааст. Бешак, ӯ ва осори гаронсангаш сазовори он аст, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва қадршиносии бештаре бошад.
Сафар Абдуллоҳ
профессор ва адабиётшинос
Замону макони бадеии Баҳманёр баъди садҳо сол ҳам ҳамон гунае хоҳад буд, ки имрӯз ҳаст. Нақшҳои ҳунариаш мондагор хоҳанд буд. Гарчи таърих хислати софкорӣ дорад, кам адибоне аз як қарн ба қарни дигар мегузаранд. Асри 11 чаҳорсад шоири соҳибдевонро медонад, вале имрӯз ба ҷуз се-чор нафар дигаронро танҳо мутахассисони нақд ба ёд меоранду бас.
Нимаи дувуми солҳои 80-ум устодони сухан Баҳманёрро ҳамчун “қаламкаше, ки умедбахш аст ва адабиёти тоҷик аз ӯ чизҳои зиёдеро интизор аст” муаррифӣ мекарданд. Ҳамин гуна шиносоӣ солҳои сол дар нақди адабӣ маъмул буда, ба як навъ қолаби андеша табдил ёфта буд. Ӯ на фақат умедҳои адабиётро бароварда кард, балки ба сари он тоҷи шуҳрат ҳам ниҳод.
Ҳафиз Раҳмон
адабиётшинос
Аз таҳлилу баррасии мухтасари забону услубу ҳикояҳои маҷмуаи "Аспи обӣ" метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Баҳманёр ҳамчун адиби навоно аз баҳри беканори сухан ва нозукиҳои забон амиқ бархурдор буда, услуби нигоришаш равону намакин, хушоҳангу дилнишин мебошад. Ӯ суханро чунон устокоранаву моҳирона сарра карда ва шоиставу муносиб паҳлуи ҳам мечинад, ки раддаи марҷонро мемонад.
Шаҳбоз Кабир
забоншинос
Баҳманёр яке аз нависандагони муваффақ, бомаҳорат, хушсалиқа, тозаҷӯ ва зебокалом дар адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад. Дар қиссаву ҳикояҳои ӯ ҳодисаҳои воқеии рӯзгор, мавзуъҳои муҳимми зиндагӣ ва масъалаҳои маишӣ дар ҷомаи бадеӣ, дар тахайюли эстетикӣ бозтоб гаштаанд.
Дилшод Раҳимӣ
фарҳангшинос
Таҳияи Шервони Умриддин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев