Ман аз номардии мардон дилам монд,
Ман аз кирдори номардон дилам монд.
Тамоми дарди дунё дар дили ман,
Зи феъли чумла бедардон дилам монд.
Шикоят кардан аз пирон чи хочат?
Зи пастии чавонмардон дилам монд.
Ба гармии дилам дидам чахонро,
Зи худбинии дилсардон дилам монд.
Дар-ин дунёи пур аз макру найранг,
Бигаштам зору саргардон, дилам монд.
Зи худ гуфтем хама бегона гардид,
Зи хешону зи пайвандон дилам монд.
Падархоро бидидам дидагирён,
Зи берахмии фарзандон,дилам монд.
Замоне,ки гиристам бо г’ами дил,
Бидидам чун хама хандон,дилам монд.
Намонда фарк байни харфу гуфтор,
Зи донову хам аз нодон дилам монд.
Чахон озодии андешахо нест,
Сухан дар мулки дил зиндон,дилам монд.
Зи офат дур намо,Махкампуриро
Худованди балогардон,дилам монд.
JAMSHEDI MAHKAMPUR.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 8