Предыдущая публикация
.
Чи мешавад, ки туам дилнавозӣ ман бошӣ,
Гушуда ъуқдаи дил, чорасози ман бошӣ.
Маро ба кишвари хубиву ъишқу меҳр барӣ,
Ману ту раҳраву ту ноз-нози ман бошӣ.
Даруни синаам асрори ганҷҳост ниҳон,
Пас аз ХУДО ту ҳам огоҳи рози ман бошӣ.
Ниёзи ман ба ҷаҳон ғайри коми васли ту нест,
ХУДО туро бидиҳад бениёзи ман бошӣ.
Намози нимашабу шукри васл агар хонам,
Ту муқтадии ман андар намози ман бошӣ.
Бигу ту посухи Нурӣ, чу аз ту мепурсад,
Чи мешавад ки туам дилнавози ман бошӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 14
КУШУДА УКДАИ ғам, чорасози ман бошӣ.
Маро ба кишвари хубиву ИШКУ меҳр барӣ,
Ману ту раҳраву ту ноз-нози ман бошӣ.