📝 Ба баъзеи обидон гуфташуд:
То кай машаққат медиҳи
нафсатро?!
Пас гуфт: роҳаташро мехоҳам.
***
📝 Дунё монанди зани бероҳае ки
бо як шавҳар устувор
намегардад , бад барояш
мардҳоро хостгор мекунад то
ки зебо шаванд барои ӯ , пас
ба дайюси рози нашав.
***
📝 Вақто ки муваффақ шудагон
қадри ҳаёти дунёро донистанд
ва кӯтоҳ будани онро !
Мирониданд ҳавою ҳавси худро
дар ҳоли талаб карданашон
барои ҳаёти абади.
***
📝 Он чизе ки аз дунё гузашт
хоби шаб аст.
Ва он чи ки боқи монд орзуҳост.
Ва вақт байни ин ду беҳуда
раванда аст.
***
📝 Имрӯз нафсатро бихар; зеро ки
бозор барпо аст, ва дорои
маблағ ҳасти, ва ашёҳо арзон
аст.
Ва рӯзе фаро мерасад бар он
бозору ашёҳо наметавон расид
на ба ками ва на ба бисёрии он.
(Рӯзе, ки ҳамаи шуморо дар
маҳшаргоҳ гирд овард)
📖 сураи Тағобун ояти 9.
(Рӯзе , ки золим дастони худро
ба дандон газад ва гӯяд:
Эй кош роҳеро,ки расул дар пеш
гирифта буд, пеш мегирифтам)
📖 сураи Фурқон ояти 27.
***
📝 Амал кардан бе ихлосу пайрави ,
монанди мусофире
ки халтаашро пур мекунад
бо рег, вазнин
мекунаду фоидае нест дар он.
***
📝 Агар бар дили худ ғами дунёро
ва вазнинии онро гирифтор
карди, ва бе парво шуди аз зикр
кардан, ки ӯ қуввати дил аст
ва ҳаёти он аст.
Монанди мусофире мебоши, ки
ба чорпояш болои тоқаташ бор
мекунад, ва алафашро ба
сери намедиҳад !
Чи ба зуди, ки аз пой мемонад !
***
📝 Гуноҳ-ҳо пеши роҳ гирандаи
касб мебошад ва
(Банда маҳрум мешавад
ризқашро бо гуноҳе ки мекунад)
ин ҳадисро имом Аҳмад ва ибни
Моҷаҳ ва ибни Ҳиббон ва Ҳоким
аз Савбон разияллоҳу анҳу
ривоят карданд.
***
📝 Дунё монанди чорпои ҳаром
мурда аст, ва шер бар ҳаром
мурда наздик намешавад.
➖➖➖➖➖➖➖➖➖
Ин фоидаҳо иқтибос карда
шуда аст аз китоби фавоиди
Ибни Қаййим Ал-Ҷавзийя.
Фоидаҳои кӯтоҳ кӯтоҳе ки
маънои чуқур дорад
Аз Аллоҳ таъоло пурсон
мешавем
ки истифода бурда амал
карданро муваффақ бигардонад.
وَالْحَـمْـدُ لِـلّٰـه رَبِّ الْـعٰـالَـمِـيْـنَ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев