Ногоҳ як Шере ба тарафи мард ҳамла кард, мард аз тарс роҳи гурез мекофт. Ногоҳ назараш ба як ғоре меафтад, давида худро ба даруни ғор мепартояд. Ва дар як ресмони даруни ғор буда овезон мешавад. Дар даруни ғор назараш ба поён меафтад мебинад, ки дар поён як море ҳаст, дар ҳамин лаҳза муше бо ресмон ба боло баромада ресмонро мехояд. Мард аз тарс ба ҳар тараф назар намуда чи кор карданашро намедонад. Ногоҳ чашмонаш ба сурохие меафтад, дасташро даруни сурохи медарорад. Дар сурохи, занбури асал хона намуда будааст, дасташро бароварда ангуштонашро ба даҳонаш бурда мелесад, аз ширинии асал тамоми ҳодисаро фаромуш мекунад. Дар ҳамин лаҳза аз хоб бедор мешавад ва пагоҳи ба назди олиме рафта таъбири хобашро мепурсад. Олим табассуме намуда ба у мегуяд, ки он шере ки ба ту ҳамла намуд, у Ҳазрати Азроил (А.с.) аст ва он ғоре, ки ту худро даруни он партофти қабр, он море ки даруни ғор буд, азоби қабр ва ресмоне, ки дар он овезон шуди умр ва муше, ки ресмонро мехойд, рузҳое ки аз умрат гузашта истода буд, он асале ки хурди ва ҳамаи инро фаромуш карди ин моли дунё буд, ки ту охиратро фаромуш карди.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 38
ок
албатта
Саломат бошен
не Дустам хатто карди
ее Солдат чо када гашти хасти хамичодае бача
дар кучое боши дустам Худованд нигахбонат бошад !!!!
ок дустам ман буром кори очиле баромад
ay bekori amish xub nestay
не охи
ок