* * * Дарсе Дар баёни оёти муташобехот * * *
Ба номи
худованди
бахшандаи
мехрубон дуруду салом бар паёмбар ва олу асхоби эшон:
Аммо баъд: бародар ва хохари азизам банда чандест ки мебинам дарин сомона баъзе бародарон дар оёти муташобех чангзада дар бораи зоти худо бахсхо мекунанду мардумро мушавваш мекунонанд ва боз ба худ далил мекунанд ки оёти сифот маънояшон равшан хаст ва аз оёти муташобех ба хисоб намеравад банда хостам дар бораи "оёти муташобех" аз нигохи куръону суннат ва акволи асхобу улламо сухбате дошта бошам то чавонони мо ба тафсирхо ва тарчумаву шарххое ки баъзе бародарон мекунанд фирефта нашаванд дар хадиси сахихе аз паёмбар алайхиссалом чунин омадааст:
ﻋﻦ ﻋﺎﺋﺸﺔ ﻗﺎﻟﺖ ﺗﻼ ﺭﺳﻮﻝ
ﺍﻟﻠﻪ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ ﻫﻮ ﺍﻟﺬﻱ ﺃﻧﺰﻝ
ﻋﻠﻴﻚ ﺍﻟﻜﺘﺎﺏ ﻣﻨﻪ ﺁﻳﺎﺕ ﻣﺤﻜﻤﺎﺕ ﻫﻦ ﺃﻡ
ﺍﻟﻜﺘﺎﺏ ﻭﺃﺧﺮ ﻣﺘﺸﺎﺑﻬﺎﺕ ﻓﺄﻣﺎ ﺍﻟﺬﻳﻦ ﻓﻲ
ﻗﻠﻮﺑﻬﻢ ﺯﻳﻎ ﻑﻳﺘﺒﻌﻮﻥ ﻣﺎ ﺗﺸﺎﺑﻪ ﻣﻨﻪ
ﺍﺑﺘﻐﺎﺀ ﺍﻟﻔﺘﻨﺔ ﻭﺍﺑﺘﻐﺎﺀ ﺗﺄﻭﻳﻠﻪ ﻭﻣﺎ ﻳﻌﻠﻢ
ﺗﺄﻭﻳﻠﻪ ﺇﻻ ﺍﻟﻠﻪ ﻭﺍﻟﺮﺍﺳﺨﻮﻥ ﻓﻲ ﺍﻟﻌﻠﻢ
ﻳﻖﻭﻟﻮﻥ ﺁﻣﻨﺎ ﺑﻪ ﻛﻞ ﻣﻦ ﻋﻨﺪ ﺭﺑﻨﺎ ﻭﻣﺎ
ﻳﺬﻛﺮ ﺇﻻ ﺃﻭﻟﻮ ﺍﻷﻟﺒﺎﺏ ﻗﺎﻟﺖ ﻗﺎﻝ ﺭﺳﻮﻝ
ﺍﻟﻠﻪ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ ﺇﺫﺍ ﺭﺃﻳﺘﻢ
ﺍﻟﺬﻳﻦ ﻳﺘﺒﻌﻮﻥ ﻣﺎ ﺗﺸﺎﺑﻪ ﻣﻨﻪ ﻓﺄﻭﻟﺌﻚ ﺍﻟﺬﻳﻦ
ﺳﻤﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻓﺎﺣﺬﺭﻭﻫﻢ
Дар китоби "сахех
муслим" китоби "илм" ривоят
хаст ки хазрати оиша(р) мегуяд:
расули худо(алайхиссалом) ин
оятро тиловат кард:
<<худованд куръонро барои
шумо фуру фиристодааст.
бархе аз оёт маънояшон
мушахас аст ва инхо максуди
асли куръонанд (чун барои
халол ва хароми зиндаги
омадаанд) бархе оёти дигар
муташобех хастанд чун вожа
монанди вожаи дигар аст ва
маънии он чудост ва ошкор
нест. ва холо он касоне ки аз
рохи рост мунхариф шудаанд
(монанди ахли бидъат) дар
чустучуи оёти муташобех
хастанд ва худро ба онхо
машгул месозанд ва онхоро
санади худ мекунанд то
мардумро ингуна гумрох
созанд ва бо хаваси худ онхоро
маъни мекунанд. маънии ин
оётро танхо худо медонад
касонеки дорои дониши
устуворанд мегуянд ба хамаи
ин ояхо имон дорем ки
гуфтори худованд аст . чунин
пандеро танхо сохибони хирад
мепазиранд.>> Баъдан гуфт:
хар вакто шумо шахсонеро
дидед ки оятхои
муташобехро пайгири ва пайрави мекунанд(
дар паи маънои чустучуи он хастанду ин оётро тафсиру тарчума мекунанд) инхо касоне
хастанд ки худованд онхоро
номбар кардааст(ки дар
калбхояшон мараз хаст ва
мардумро гумрох кардан
мехоханд) пас азингуна шахсон
хазар(дури) кунед (сахех
муслим хадиси 2665).
Имом ибни хачари аскалони шорехи сахех бухори
рахимахуллох мефармояд:
,,ин оят (яъне ояти 7-уми сураи
оли имрон) аз касоне ки дар
чустучуи оёти муташобехот
хастанд ба бади ёд мекунад ва
аз касоне ки ин оятро тафвиз
карда ва ба дониши худо
месупоранд, ба неки ёд
кардааст''
сипас меафзояд;
чустучу дар оёти муташобех
нахустин бор аз яхуд сарзад ва
хаворич дар миёни
мусалмонон авалин гурухе
буданд ки ба ин кор(чустучуи оёти муташобех) даст
заданд.
(фатхул бори шархи бухори; чилди 8 сах
265-267
Хонандаи азизу гироми шояд суол кардани бошед ки Оёти муташобех чиро мегуянд?
* * *
дар таърифи оёти муташобех чунин омадааст:
таърифи Аввал:
والمتشابه هو ما استأثر الله بعلمه
оёти муташобех оётест ки худованд онхоро бо илми худ ихота кардааст (гайр аз у касе маънои аслии онро намедонад)
таърифи дуввум:
....والمتشابه هو ما احتمل أكثر من وجه
оёти муташобех оётест ки он(калима) ба чанд маъно меояд.
* *
Таърифи саввум:
المتشابه الذي يؤمن به ولا يعمل به
оёти муташобех оётест ки танхо ба онхо имон оварда мешавад ва амал карда намешавад.
Оё оёти сифоти худованд аз оёти муташобех хисоб мешаванд?
Дар мавриди оёти сифоти худованд улламои то асри саввум яъне салафис солех чунин назар доранд:
وقالوا في آيات الصفات: إن لها تأويلا، ولكن نمسك عنه مع تنزيه اعتقادنا عن التشبيه والتعطيل ونقول: لا يعلمه إلا الله
улламои ахли салаф (се карни аввали ислом) дар бораи оёти сифот мегуфтанд: ба тахкик оёти сифот таъвиле доранд, локин мо таъвил намекунем бо хамрохи пок кардани акидаамон аз ташбиху таътил ва мегуем гайр аз худованд маънои оёти сифоти уро касе намедонад(ал-бурхон фи улумил куръон ч2сах78)
Захаби чунин мегуяд:
وقال الذهبي: والمحفوظ عن مالك-رحمه الله- رواية الوليد بن مسلم أنه سأله عن أحاديث الصفات فقال: أمرها كما جاءت بلا تفسير "سير أعلام النبلاء /١٥ /١٠٥
Захаби(р) мегуяд: аз имом молик ривоят шудааст ривояти валид бин муслимаст ки валид аз имом молик(р) дар бораи оёти сифот пурсида шуд имом молик(р) дар чавоб гуфт: чигунае ки омадааст онхоро мехонему имон меоварему тафсирашон намекунем(сияру аъломин-нубало аз захаби ч15 сах105.)
Дар хамин китоб ва хамин сахифахо боз чунин меорад:
وسئل سفيان عن أحاديث الصفات فقال: أمرها كما جاءت
Аз суфёни саври дар бораи оёти сифот пурсида шуд дар чавоб гуфт: чигунае ки омадааст хамонгуна мехонему мегузарем(тафсирашон намекунем)
(сияру аъломин-нубало аз захаби ч15 сах105.)
Имом ибни хачари аскалони чунин ривоят мекунад:
واسند البيهقي بسند صحيح عن أحمد بن الحواري عن سفيان بن عينة قال: كل ما وصف الله به نفسه في كتابه فتفسيره تلاوته والسكوت عنه "فتح الباري /١٣ /٣١٥
Байхаки бо санади сахех аз ахмад бин х,ивори ва у аз суфён бин айина ривоят мекунад ки суфён бин айина гуфт:
хама он оёте ки худованд дар куръон худро васф кардааст тафсири ин (оятхои сифоти худованд) инаст ки мо онхоро бихонему сукут кунем -яъне имом биёварему тафсирашон накунем-( фатхул бори шархи бухори ч13 сах315)
* * *
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4