Предыдущая публикация
1. Мардуми шаҳре ки ҳама дар он меланганд, Ба касе ки рост роҳ меравад механданд.
2. Вақте кабутаре бо зоғҳо рафту омаду дусти мекунад шояд парҳояш сафед монад, вале қалбаш сиёҳ мешавад.
3. Бароят дуо мекунам, ки Худо аз ту бигирад ҳар чиро ки Худоро аз ту мегирад.
4. Зиндагӣ аз марг пурсид: Чаро инсонҳо ошиқи ман ҳастанд ва аз ту гурезонанд?! Марг гуфт: барои ин ки ту як дуруғи зебои ва ман як ҳақиқати талх.
5. Огоҳ бошед ки зиндагӣ занги истироҳат аст ва занги баъди дарси ҳисобу китоб аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
2. Накӯӣ намудану миннат накардан қонуни зиндагии шоистагон аст.
3. Зан бояд бидонад, ки бузургӣ ва азамати ӯ дар хонадорӣ ва тарбияи фарзандон аст.
4.Саодати мард аз қалби занони доно ва парҳезгор сарчашма мегирад.
5. Сухан ба андозаи хеш гӯй.
6. Рози худро нигаҳ дор.
7. Агар фарзандатро нашносӣ, ба дӯстонаш назар афкан.
8. Кори ту дашном додан, кори ман бошад нашнидани он аст.
9. Гулистони башарият бо гулҳои зебое ороста шудааст, агар ин гулҳо аз байн раванд, он гулистон ба харобӣ мубаддал хоҳад шуд, ин гулҳо ҳамон замонеанд, ки табиат ба онҳо ҳусни хубу хӯйи хуб додааст.
10. Зани зебо чашмро хуш меояд ва зани хуб дилро... Аввалӣ ҷавоҳир асту дуввумӣ як ганҷ.
11. Ҳазлу шухиро бояд барои анҷом додани корҳои ҷиддӣ истифода бурд.
12. Аз суҳбати ҳамдигар лаззат бурдан яке аз нишонаҳои асосии дӯстист.
13. Дӯст як ҷонест дар ду ҷисм.
14. Ёрро вақти сахтӣ биозмой.
15. Дар кори хайр ҷидду ҷаҳд намо.
16. Бо дӯс...Ещё1. Инсони комил камбудиро дар худ, инсони палид дар дигарон меҷӯяд.

16. Бо дӯсту душман абрӯ кушода дор.
17. Зан фариштаест, ки дар бачагӣ парастори мо, дар ҷавони комбахши мо ва дар пирӣ тасаллодеҳи мост...
18. Зан офарандаест, ки дар ӯ латифтарин ва самимитарин фазилатҳоро метавон пайдо кард...
19. Ҳамвора дар ёд дошта бошед, охирин калиди боқимонда шояд бозкушояндаи қуфли дар бошад.
20. Ҷасурона ҷониби марг рафтан ҷавонмардист.
21. Модару падарро ғанимат дон.
Ҷӯҳӣ
Кӯдаке дар пеши тобути падар,
Зор менолиду бармекӯфт сар,
К-«Эй падар, охир кучоят мебаранд,
То туро дар зери хоке биспаранд.
Мебарандат хонаи тангу заҳир ,
Не дар ӯ қоливу на дар вай ҳасир
Не чароғе дар шабу не рӯз нон,
Не дар он бӯи таому не нишон ,
Не дарун маъмуру не сақфу на бом,
Не бар ӯ баҳри зиёе ҳеч чом.
Не дар он аз бахри меҳмон оби чоҳ,
Не яке ҳамсоя , к-ӯ бошад паноҳ.
Чисми ту, ки бӯсагоҳи халқ буд,
Чун равад дар хонаи кӯру кабуд?
Хонае бе зинҳору чои танг ,
Ки дар ӯ не рӯй мемонад на ранг»
З-ин насақ авсои хона мешумурд,
В-аз ду дида ашки хунин мефушурд.
Гуфт чӯҳū ба падар: «К-эй арчманд,
Валлаҳ, инро хонаи мо мебаранд»
Гуфт чӯҳиро падар: «Аблаҳ машав»,
Гуфт: «Эй бобо, нишониҳо шунав!
Ин нишониҳо, ки гуфт ӯ як ба як.
Хонаи морост бетардиду шак.
Не ҳасиру не чароғу не таом,
Не дараш маъмуру на саҳну на бом».