Предыдущая публикация
Пеш омад мушкилӣ, дар кӯчаҳо идона нест.
Меравӣ дур аз Ватан гар, паст қадратро макун,
Аҳду паймон баста рафтӣ, ҷойи ту майхона нест.
Хаставу бечора мегардад ғарибе шоми тор,
Ҳамчу шамъе сӯзаду дар гирди ӯ парвона нест.
Рӯз то шаб кори вазнин бар сарат, марди ғариб,
Ташнаӣ ё гушнаӣ, парвои як бегона нест.
Хастагии ман равад аз дидани рӯйи падар,
Гар набошад нури модар, зиннати кошона нест.
Мустақим имрӯз сӯйи деҳаи худ раҳ гирифт,
Сар ба зонуи кӣ монад? Модараш дар хона нест.
24-08-2024
Мустақим
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3