Предыдущая публикация
Фитнаҳо бисёр карду олами ёрон шикаст.
Дӯстон аз баҳри молат дӯст бо ту мешаванд,
Одаму одамгарӣ дар тинати инсон шикаст.
Меҳру шафқат нест андар зиндагонӣ ин замон,
Дӯстро дидам, ки душман бо лаби хандон шикаст.
Кӯдакон ибрат нагиранд аз равиши волидон,
Ғурбате бо волидон фарзандро имон шикаст.
Мардҳо гаштанд хаста аз сафар бар мулки ғайр,
Сахтии ин рӯзгорон қомати мардон шикаст.
Соҳиби моле шудӣ гар бо фиреби дигарон,
Ҳар касе, ки хӯрд моли мардумон, дандон шикаст.
Гуфт, боло меравам он Мустақим, аммо нашуд,
Дар ғарибӣ пояҳои нардбон осон шикаст.
13. 08. 2024
Мустақим.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 12