(суруд)
Писар:
Кашидам ранҷу озори ғарибӣ,
Нарафт аз ёдам осори ғарибӣ.
Намедонам бубинам кай ватанро,
Бимондам дар шаби тори ғарибӣ.
Духтар:
Ватан бо мову ту зебост, оре,
Диёри мо ҷаҳонорост, оре.
Ғарибам бекасу беёру ғамхор,
Ба дил меҳри Ватан барҷост оре.
Писар:
Мусофирро набошад ҳеҷ ғамхор,
Бувад ҷону дили ранҷуру бемор.
Диле дорам зи ҳиҷрон пора-пора,
Аз онки дур ҳастам дар ғами ёр.
Духтар:
Ватан дар интизорат ҳаст, боз о,
Туро кӣ дарбадар кардаст, боз о.
Шудам бемор бо уммеди дидор,
Ду поям дар раҳат бишкаст,боз о.
Писар:
Худоё, аз ғарибӣ нола дорам,
Ба дил андӯҳи чандинсола дорам.
Ғарибам ашк мерезам шабу рӯз,
Магар абрам, ки барфу жола дорам?
Духтар:
Махӯр ғам, ки ғаматро ҳаст поён,
Кунад маҳ равшанӣ дар торикистон.
Намедонӣ ту бозиҳои тақдир,
Ки созад боғи хореро гулистон.
Писар:
Бале, ҳар шом бе нури саҳар нест,
Вале он субҳи бахти ҳар нафар нест.
Ғарибон дур аз хоки диёранд,
Дареғо, домани модар- падар нест.
Духтар:
Биё, дасти падар гир, эй бародар,
Аз ӯ ҳардам хабар гир, эй бародар.
Биё, ҳоло падар оғӯштаи дард,
Мабодо дидаҳо монад ба маҳшар.
Писар:
Ба маргаш дер кардам хоҳари ман,
Бирафт аз осмонам ахтари ман.
Сағировораам андар ғами ӯ,
Аламҳояш бихон аз дафтари ман.
Духтар:
Зи андӯҳат дили ман хунчакон аст,
Ғами дунё ба дил бори гарон аст.
Надорад чорае ин ҳукми тақдир,
Шамоли марг ҳар сӯе вазон аст.
Писар:
Мисоли моҳӣ дар хушки тапидам,
Зи ҳар бегона озоре расидам.
Ватан гуфтам, падар гуфтам, валекин,
Падарро зинда сад ҳайфо надидам.
03/03/2019с
Ибодуллоҳи МАФТУН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 33
Китоби орзуям ар бихонӣ,
Ғаму шодии қалбамро бидонӣ.
Мусофириву дастам зери санг аст,
Бирезам ашки ҳасратро ниҳонӣ.
Зи модар дур оҳу нола дорам,
Кашам ранҷу азоби зиндагонӣ.
Чудоӣ аз падар , ёру бародар,
Кушад охир маро дар навҷавонӣ.
Азизонам, чӣ қисмат ин, чӣ тақдир?
Ғариб афтодаам бо дилгаронӣ.
Худовандо, бидеҳ зӯру мадораш,
Раҳон Мафтуни мо аз нотавонӣ.
1/04/2007с. ш. Москва
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
Ишқи туро, эй нозанин, бовар намекунам,
Аз ҳаҷр тарки бодаву соғар намекунам.
Аз дарду ғам хазон расад бар ғунчаи дилам,
Наззора сӯи чеҳраи дигар намекунам.
Дар қасри ишқ будаам монанди подшаҳ ,
Дигар кулоҳи сарварӣ бар сар намекунам.
Дӯстат агарчи доштам, эй нозанини ман,
Васфи туро ба хомаву дафтар намекунам.
Огаҳ найӣ зи ошиқу эҳсоси ошикӣ,
Бар кори ошиқонаат бовар намекунам.
Мафтун, ки роҳи ишқ сипардаст аз азал,
Азми сафар ба ҷодаи дигар намекунам!
10/04/2015 с
Ибодуллоҳи МАФТУН
Бегила мезиям дигар, шукри баҳор мекунам.
Чист давоми буданам, бохтану рабуданам,
Кам шудану фузуданам, тарки шумор мекунам,
Чун қади пири кӯзпушт хам зада бому дар маро,
Чанди дигар ба қаҳкашон гашту гузор мекунам,
Бо ҳама айб агар ҳанӯз бар ҳасади ту лоиқам
Даст бидеҳ рақиби ман, бо ту канор мекунам.
Ишқ, наё, наё, наё, ишқ, нарав, нарав, нарав,
Бо ту чӣ кор мекунам, бе ту чӣ кор мекунам.
Панҷараи мижа кушо, атсаи ёсуман шунав,
Мераваму нафас - нафас субҳ нисор мекунам.
Эй ту таваллуду завол, в-эй ту таназзулу камол,
Сӯйи ту роҳ мебарам в-аз ту фирор мекунам.
Устод Фарзона
Хар кучо хасти нигахдорат Худо
Нест касе аз холи зорат бохабар
Дусти аз холат хабардорат Худо
Гар нашуд осон корат гам махур
Мушкил осон кун ба хар...
Афтад ба гарибиву ба кас банда шавад
Чархи фалаке гардаду ояд ба Ватан
Ин мурдаи садсола зи нав зинда шавад
Аз хона баромадам чашмам ба намаст
Чашмам ба намасту дилакам пуралам аст
Мардум меган ба дилат чи алам аст
Ин доги мусофири гирдоби гам аст
Сарчашмаи боги булбулонаст Ватанам
Хушбоду хавову бустонаст Ватанам
Як бор агар бод барад бар Ватанам
Дил пора кунам ёди гариби накунам
АЗ ХАЛК
Дар шархи лико ойина найранг надорад,
Чун зохири одам саду як ранг надорад.
Бар шишаи покизаи дил санг маяндоз,
Ин шиша, ки андар багалаш санг надорад.
То нам накашад аз кабати хок баногах,
Охан ба танаш пирахани занг надорад.
Аз чинси гухар нест, аз ангезаи хорост,
Он дил, ки садафрезаи аржанг надорад.
Боло наравад иззати най аз сари чубе,
Дар парда агар ларзаи оханг надорад.
Бар дилкадаи Орзу бо сулх кадам зан,
К-ин дилкада тоби тааби чанг надорад.
Орзу Исоев
Бад – он ҳастии зебо ҳастиям орой, модарҷон.
Нарав, сармад бимону офтобона ба рӯи мо,
Дари фардову фардои дигар бикшой, модарҷон.
Кушоиш хостам дар ин гузаргоҳи гираҳбаста,
Дуъо кун, эй накӯфоли муборакрой, модарҷон.
Чу бахшидан сифоти нозанини туст аз оғоз,
Ҷаҳону бевафоии варо бахшой, модарҷон.
Ба субҳи офариниш борҳо рафтиву баргаштӣ,
Ту медонӣ, ба мо баргӯй сирри ной, модарҷон.
Мусалло бофтам аз тору пуди ишқи беифшо,
Ҳидоятхоҳам, инак, қиблаам бинмой, модарҷон.
Устод Фарзона
Набзи ахтар метапад дар синаи ахтаршинос
Ошиқ аз бўи шароби ишқ сархуш мешавад,
Қиммати соғар шиносад бо нафас соғаршинос
Хоксорони ҷаҳон аз хок зар меофаранд,
«Қадри зар заргар бидонад, қадри заргар заршинос»
Санг месабзад зи шукри резаборони баҳор,
Нур бо хуршеди ховар мешавад ховаршинос
Қадри неъмат баъди неъмат ғайри оҳу нола нест,
Марги модар мекунад фарзандро модаршинос
Озарахш, озар надорад зиндагӣ бе нури ишқ
Оташи ишқ аст дар хокистари озаршинос…
Устод Озарахш
Сирри гулдаста ба гулбоди вазон мегӯяд
Нафсро банду бари боғи таманно биншин,
Бо гиёҳе, ки нишон аз рамазон мегӯяд
Рӯзадор аст табиат, ба забон номи азиз,
Розҳое зи баҳору зи хазон мегӯяд
Ростӣ, дар бари ин қофилаи арзи ниёз,
Рӯзахорест агар, низ аз он мегӯяд....
Озарахш, аз дили хунхораи худ ҳайронам
Чӣ шикастаст, ки ангуштгазон мегӯяд.!...
"ДИККАТ! ДИККАТ! ДИККАТ"! Германияи фашистӣ беогохӣ ва аҳдшиканона ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Шӯравие, ки дар ин солҳо дар авҷи тараққиёт буд ва мардуми ин сарзамин аз рузҳои аввали сар шудани ҷанг ҳама як дилу як ҷон шуда барои ҳимояи Ватани хеш бархостанд. Аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон ҳам. Халқи тоҷик дар ҳама фронтҳои ҷанг иштирок карда, қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Дар ин ҷанг, ки мислашро таърихи башарият ёд надорад зиёда аз 30 млн нафар мардуми Шӯравӣ талаф ёфтанд. Аз фарзандони тоҷик 260 ҳазор нафар дар ин ҷанг иштирок намуда, зиёда аз 90 хазор нафарашон аз майдонҳои ҷанг барнагаштаанд. 54 нафар аз фиристодагони Тоҷикистон бо гирифтани унвони баланд, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ мушарраф гардидаанд, ки то имрӯз номи онҳо дар сафҳаи таърих бо хатти заррин навишта шудааст. Имрӯз дар ҷумҳурии мо 245 нафар аз иштирокчиëни ҷанг дар қайди ҳаëт ҳастанд.
...ЕщёСубҳи 22-юми июни соли 1941 садои ровии Шӯравӣ Ливитан мардуми орому хушҳоли Шӯравиро парешон кард.
"ДИККАТ! ДИККАТ! ДИККАТ"! Германияи фашистӣ беогохӣ ва аҳдшиканона ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Шӯравие, ки дар ин солҳо дар авҷи тараққиёт буд ва мардуми ин сарзамин аз рузҳои аввали сар шудани ҷанг ҳама як дилу як ҷон шуда барои ҳимояи Ватани хеш бархостанд. Аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон ҳам. Халқи тоҷик дар ҳама фронтҳои ҷанг иштирок карда, қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Дар ин ҷанг, ки мислашро таърихи башарият ёд надорад зиёда аз 30 млн нафар мардуми Шӯравӣ талаф ёфтанд. Аз фарзандони тоҷик 260 ҳазор нафар дар ин ҷанг иштирок намуда, зиёда аз 90 хазор нафарашон аз майдонҳои ҷанг барнагаштаанд. 54 нафар аз фиристодагони Тоҷикистон бо гирифтани унвони баланд, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ мушарраф гардидаанд, ки то имрӯз номи онҳо дар сафҳаи таърих бо хатти заррин навишта шудааст. Имрӯз дар ҷумҳурии мо 245 нафар аз иштирокчиëни ҷанг дар қайди ҳаëт ҳастанд.
8-уми майи соли 1945 Германияи фашистӣ шартномаи таслимшавиро бечунучаро имзо кард ва 9-уми май рӯзи Ғалаба эълон гардид, ки тамоми мардуми Шӯравӣ, хурду калон имрӯзро бо тамоми хушнудӣ қабул намуданд. Ҳама сола дар тамоми собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ имрӯзро бо шукуҳу шахомати хоса чашн мегиранд. Имрӯз, ки аз ин санаи фаромушнашаванда 74 сол сипарӣ гардидааст ва дар тамоми давлатҳои Шӯравии собиқ имрӯз ид аст.
Аз фурсати муносиб истифода карда ҳама мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи Ғалаба табрик мегуям. Онҳое ки барои ҳифзи Ватан ҷангиданд рӯҳашон аз мо шод бод, Худованд ҳамаи онҳоро дар зери раҳмати хеш карор дода бошад!
РУЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК БОШАД!
Чашмҳо бо чашми ашколудҳо хоҳанд хонд.
Достони ишқамонро ишқбозони дигар,
Бо умеди беҳтарин мақсудҳо хоҳанд хонд.
Мисли як маҳфил пушаймоне, ки ёри рафтаро,
Дар хаёли будаву нобудҳо хоҳанд хонд.
Бо ҳавои ҳой-ҳои безабони нойҳо,
Чангҳову созҳову удҳо хоҳанд хонд.
Ёд ояд, сўхтанҳои саропошамъро,
Шуълаи оташ ба сина, дудҳо хоҳанд хонд!
Рафтани мо омадан дорад мисоли рўзу шаб,
Сарнавишти маргро мавлудҳо хоҳанд хонд.
Ҳар дуруде доштем аз сози ҳастӣ, Озарахш,
Мутрибон дар дафтари падрудҳо хоҳанд хонд...
Аз устод Озарахш
Ғуссае дорам ба ҷон, ман донаму ҷонони ман.
Дар китобе дарнамеғунҷад ҳадиси сӯзу соз,
Аз куҷо ояд илоҷи дарди бедармони ман?
Эй табиб, андешаам дар хотири роёна нест,
Ройгони ҷустуҷӯ дори ту аз исёни ман.
Сурати зарби диламро хатти каҷмаҷҷе махон,
Ин ҳамон « Аллоҳ- Аллоҳ» аст дар бунёни ман.
Инчунин таърихи бемори бароят ошност?
Нест нақши рӯзу шаб тақвимбаргардони ман.
Бе такаллуф, бесадо, беҳарф, бевақту макон,
Метавони гуфтугӯ кардан ту бо имони ман?
Озарахшат лоиқи не гиряву не хандаест,
Бигзар аз чашму дили хандони ман, гирёни ман.
ОЗАРАХШ