Хабарнигорони бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” пайваста бо расонаӣ кардани иттилооти муғризона машғул буда, тавассути сомонаашон ҳар гуна овозаҳои бардурӯғро дар байни мардум паҳн мекунанд.
Ин сомонаи ифротӣ бо баҳонаи озодии баён матолиби бардурӯғ ва иғвоангезро расонаӣ карда, аз уҳдадориҳои рӯзноманигорӣ, ки ҳадафашон пешниҳод кардани маълумоти дақиқ ва санҷидашуда мебошад, сарфи назар мекунанд.
Имрӯз ҳама медонанд, ки ин сомонаи хориҷӣ буда, пайваста манфиатҳои хориҷиёнро амалӣ месозад ва рӯзноманигорони ин сомона низ ба хотири манфиаташон аз баҳри асолат ва амонати рӯзноманигорӣ гузаштаанд ва барои мардум маълумоти бардурӯғ ва сохтаву бофта пешниҳод мекунанд.
Шубҳае нест, ки чунин рӯзноманигорони худбохта ва камзарфият ба хотири пулу мол ва сарват шуда, ҳатто виҷдони худро мефурӯшанд ва ба халқу миллати худ хиёнат мекунанд.
Ба хотири фоида шуда онҳо ҳадди ақал ҳамин қадар фикр намекунанд, ки бо паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ва сохтаву бофтаи худ сабабгори барҳам задани фазои амну ороми кишвар мегарданд, ё ин ки маълумоти муғризона ва бардурӯғашон, ки аз воқеияту ҳақиқат дур ҳастанд, дер ё зуд ошкор гардида, боиси хандахариши ҷомеа мегарданд.
Бахши тоҷикии ин сомонаи иғвоангезу дасисабоз пайваста матолиби муғризона ва ҳангомаҷӯёна нашр мекунад ва борҳо мавриди истеҳзо ва хандахариши мардуми тоҷик қарор гирифтааст ва сабабгори тағйир ва ивазёбии кормандонаш гаштааст. Боз ҳам дастбардор нест ва ба фаъолияти аблаҳонааш идома дода истодааст. Чунки сарпарастонаш хориҷиён аст ва ба онҳо чунин супориш медиҳанд.
Дигар пушида нест, ки дар ин сомонаи иғвоангез ба ғайр аз сафсатагӯӣ ва туҳмату буҳтон дигар чизе дида намешавад. Душманони миллату давлат, барои фирефта кардани ҷавонони соддаву гумроҳ ва паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ аз чунин сомонаҳои тамаъкору манфиатҷӯ, ки ба хотири даромади муфт макони иттилоотрасониро ба дукони яклухт ва чакана табдил додаанд, ба таври васеъ истифода мебаранд.
Вобаста ба чунин вазъият, имрӯз моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии худро аз даст надиҳем ва танҳо ба он сарчашмаҳои иттилоърасони ватанӣ такя намоем, ки дар фикри пешрафт ва ояндаи дурахшон ҳастанд ва барои мардум маълумоти дақиқ ва санҷидашударо пешниҳод мекунанд.
Саиди Салим
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5