Предыдущая публикация
Ба модар қиблаи уммед, Ба ошиқ сабри беҳамто. Саводе бесаводонро, Навое бенавоёнро. Занонро шарми мардона, Ва имон марди шайтонро. Заминро файзу эҳсоне, Кушоишро ба деҳқонон. Ба ташна оби дарёро, Ба гушна порае аз нон. Ба тоҷик бахти фардоро, Ба миллат ганҷи дороро. Худовандо, дуруд аз мо Самарқанду Бухороро! Муҳаббат бар Ватан-модар, Садоқат бар ҳамин кишвар. Дили пурмеҳри инсонӣ, Барои халқи ин кишвар. Сарояд Ҳоҷӣ Афзалшоҳ, Суруди миллати хушфар.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев