Предыдущая публикация
На аз шеру паланг, аз ин ҳама рӯбоҳ метарсам.
Маро аз ҷанги рӯ дар рӯй дар майдон гурезӣ нест,
Вале аз дӯстони оби зери коҳ метарсам.
Ман аз сад душмани донои ломазҳаб наметарсам,
Вале аз зоҳиди бе ақли ноогоҳ метарсам.
Пайи гумгаштаам дар чоҳи нодонӣ намегардам,
Усулан ман намедонам чаро аз чоҳ метарсам.
Агарчӣ роҳ душвор асту мақсад нопадид , аммо,
На аз сахтии раҳ , аз сустии ҳамроҳ метарсам!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев