Предыдущая публикация
Ман ба дунё рафтагонро ёд кардан омадам,
Бо муҳаббат мазрае обод кардан омадам.
Поси ёду хотири бигзаштагонро ҳар нафас,
Аз дилу ҷон ҳурмати аҷдод кардан омадам.
Доимо кўшам, ки то бар ҳастае бахшам мадор,
Хотири озурдаеро шод кардан омадам.
То диҳам аз дарди ҷонкоҳе маризеро наҷот,
Н-орамида рўзу шаб имдод кардан омадам.
То бимонад нуктае дар хотири мардум мудом,
Мисрае аз хуни дил эҷод кардан омадам.
То ки худ беҷо намонам гом дар роҳи ҳаёт,
Аз ҷаҳон тухми бадиро бод кардан омадам.
(Абдулҳаким Табибӣ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1