Марҳамат дустон хонед беҳтарин
қисса аст!
Марди сарватманде чор зан дошт
ва зани чорумаш ро мачнунвор
дуст медошту хамеша дар
хидматаш буд.
Зани сеюмиро низ дуст медошт,
аммо на ба андозаи зани
чорум,бинобар ин, гох гохе ба у
майлу рагбат нишон медод. Зани
дуюмро бошад, танхо дар холатхои
зурури ва ночор монданхо
баназдаш мерафт. Аммо ба зани
якум, бо вучуди он ки у мардро аз
хама бештар дуст медошт ва
хамеша дар фикри пойдории молу
мулки у буд, хеч таваччухе надошт.
Мард бемор шуд ва эхсос намуд, ки
фурсати маргаш наздик шудааст,
гуфт: ман сохиби чор зан хастам ва
намехохам,ки дар гур танхо бошам.
Аз ин рӯ аз хамсари чорум, ки аз
хама бештар дусташ медошт
пурсид:
Медони ки ман аз хама бештар туро
дуст медорам ва ба хамаи майлу
рагбатхоят бале мегуям. Ман гумон
намекунам аз ин бемори чони
солим бадар барам ва дар кабр аз
танхои метарсам, мехохам дар кабр
бо ман боши?
Зан гуфт: ин номумкин аст. Ту
бубин, аз сад гулам як гулам
навшукуфта. Чи гуна мешавад ман
аз чони ширинам дар гузарам ва
дар кабр хамрохи ту бошам?
Мард дилсард шуда, зани сеюмро
ба наздаш хонд ва гуфт: ман туро
дар тамоми зиндаги дуст доштаам
ва акнун мехохам дар кабр бо ман
боши. Зан гуфт: харгиз не, хаёт
ширину зебост ва мехохам боз
зиндаги кунам ва бо каси дигаре ба
шавхар бароям.
Зани дуюмро ба назди мард хозир
карданд. Мард ба угуфт: ман гох-
гох баназди ту меомадам ва ту
дастгири ман буди,оё маро дар
кабр хамрохи мекуни?
Зангуфт: маро бубахш,танхо чизе,
ки барои шумо метавонам анчом
бидихам, то назди гур хамрохи
шумо рафтан аст. Мард аз
шунидани ин суханхо гамгин ва
беморияш бештар гардид, ногахон
овозеро шунид, кимегуяд: ман туро
дар кабр хамрохи мекунам, хар
кучо, ки мерави ман бо туам. Мард
ба садо гуш дода дид, ки ин овози
хамон хамсари аввалаш аст, ки аз
сабаби бе эхтимоми ва бе
тавччухияш нисбат ба у пиру
нотавон гаштааст. Мард камбудию
хатояшро дарк карда, аз
кардахояш пушаймон шуд ва гуфт:
бояд аз хама бештар ба ту эхтимом
медодам,агар ачалам фаро
нарасида бошад аз инпас аз хама
бештар бату эхтимом хохам дод.
Дустонам! Дар хакикат хамаи моро
чор зан аст: Зани чорум: ин хамон
часад ва тани мо аст, ки агар хар чи
аз хурдану пушидан ба он эхтимом
дода шавад,хангоми марг моро зуд
тарк мекунад.
Зани сеюм: ин дорои ва сарвати мо
аст, ки пасаз марг моро тарк карда,
бо каси дигаре меравад.
Зани дуюм:хамон ахл ва дустон
хастанд, ки хар чи дар дунё
бароямон чоннисорихо мекунанд,
аммо пас аз марг, факат то кабр бо
мо хастанд.
Заниякум: Амалхои неки мо хаст, ки
аз барои шахвату рагбат шуда аз он
фаромуш мекунем, дар холе ки
танхо хамон амалхои некамон хаст,
ки дар кабр хам бо мохастанд.
Дустонам!!!
Акнун худ биандешед,ки агар мо
амалхоямонро ба монанди як инсон
тасаввур намоем, чиро мушохида
хохем кард? Албатта,амалхои
некамонро монанди як пиразани
заифу нотавоне, кидар хасрати
дастгирии мо аст, хохемдид. Пас
хамеша хамсари аввалро аз хама
бештар дуст бидоред...
Султони Ишқ ∞
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1