Аламам зӯру ғамам беинтиҳост, ҳарчанд, роз гуфтану розе шунидан ба ҷавонмард хос нест, аммо илоҷ надорам...
Мо ду бародар аз падар ятим мондем. Модарам ба хотири арвоҳи падарам дигар шавҳар накарда, моро хононду оиладор намуд. Амаки ягонаам низ дар тарбияи мо саҳми босазо доштанд. Азбаски хоҳар надоштем, духтарони амакамро бисёр дӯст медоштем, онҳо низ ба модари мо мисли духтар меҳрубон буданд. Акаам хона сохта, рӯзғорашро ҷудо намуду ману ҳамсарам, ки ӯ духтари холаам аст, бо модарам мондем. Мо, ду бародар маълумоти олӣ дорем, аммо аз сабаби надоштани ҷойи кор ҳар сол ба Русия рафта маблағи хубе кор мекунем.
Борҳо аз забони духтари калонии амакам дар бораи занам суханҳои пасту баланд мешунидам, аммо парво намекардам, ҳамаашро дурӯғу гапи занона мепиндоштам . Модарам ҳам хаёлолуду хомӯш буд.
Боре апаам гуфт:
Додари ширин, ман туро писарамак не, фарзанди падари худ меҳисобам ва дилам ба ту месӯзад. Занат дурӯғгӯ, дузд ва ҳаромкор аст, ба модарат нописандӣ мекунад, чаро ту хомӯш меистӣ ё ҷодугариҳои хушдомани беимонат даҳонатро бастаанд?
Пас аз шунидани ин суханҳо бо занам ҷанг карда, гуфтам, ки дуздияшро бас карда, модарамро ҳурмат намояд. Ӯ бо гиряву зорӣ апаамро шайтони ҳасудхӯр гуфта, худро сафед кард.
Ман ба Русия рафтаму ҳар рӯз хабари гум шудани ин чизу он чизро аз забони апаам мешунидам. Ба дузд будани занам кайҳо боварӣ ҳосил карда бошам ҳам, чизе гуфта наметавонистам. Шояд апаам ҳақ буданд ва хушдоманам маро ҷоду мекард?
Дар панҷ соли зиндагиамон соҳиби ду фарзанд шудем, ки яке нобино ва дуввумӣ ноқисулақл аст. Баргиной – ҳамсарам бошад, мисли саги девона кӯдакони маъюбро лату кӯб мекунад. Акнун модарам ҳам, аз дуздии занам шикоят мекард:
- Бачам, духтари хоҳарамро келин карда, ҳам худ ва ҳам туро бадбахт кардам. Ин гурбаи дузд баракати хонаамро паронд. Чизи хона бударо ба ҳамсояҳо тақсим мекунад, ба кӯдакони бемораш раҳме надорад...
Ман як оташ мегирифтаму боз хомӯш мешудам. Занам бо мардони ба хона омада, хоҳ худӣ бошад, хоҳ бегона дастакӣ салом карда аз наздашон дур намешуд. Ба қавли модарам аз вал – валкунӣ монда ҳам намешуд. Ман ҳамаи инро дида чизе намегуфтам...
Боре апаам ба хона омада, қавоқҳои гирифтаи Баргинойро дида асабиёна дод зад:
- Эй дузди лаънатӣ, чӣ қавоқ меандозӣ, мурӣ ҳам, ман хонаамон меоям. Ин хонаю замини бобои ман аст, на аз беваи ҷодугари Норгулак фаҳмидӣ?! Кайе, ки шавҳари поҳанги дар дами ҷодуи Норгулаки сиёҳ афтидаат, замин гирифта хона сохт, намеоям!
Баргиной чизе нагуфт, ман хандидаму бо ҳамин ҷанҷол анҷом ёфт...
Солҳо сипарӣ шуданд, ман зани дигар нагирифта, духтари нобиною писари девонаамро калон кардам. Апаҳоям кам ба хонаам меомаданд, аммо ман ба хабаргирияшон мерафтам.
Як рӯз модарам ба хонаи бародарам рафтанду ману Баргиной говҳоро хӯрок медодем. Ҳамин ҳангом духтарчаам, ки акнун 14-сола буд, берун баромада афтода пояшро шикаст. Ӯро ба духтур бурдем, пояшро гаҷ бастанду хостам ба хонааш биёрам, аммо духтур марди паканаи бурутакӣ нагузошт ва гуфт:
- Бояд ду-се рӯз ҳамин ҷо монад. Розӣ шудам ва Баргиной низ бо ӯ монд.
Баъди се-чор рӯз барои оварданаш рафтем, духтур боз чанд мисол оварда, ҷавобдиҳиро ба як ҳафта мавқуф гузошт...
Рӯзи дигар як рафиқам хоҳиш намуд,
ки ӯро ба маркази вилоят барам, вақти бозгашт мошинам вайрон шуду дертар ба ноҳия расидам. Соат аз 12-и шаб гузашта буд, вале ба беморхона рафтам, то духтарамро бинам. Мӯйсафеди дарбон иҷозати даромадан надод ва гуфт, ки номи беморатро гӯй ҷеғ мезанам. Ӯ даромада бедарак шуд, азбаски дар кушода буд, даромада рост ба палатаи духтарам рафтам. Дар қулф буду аз дарун ғиҷир – ғиҷири кат ва садои паст – пасти суханронӣ меомад.
Дари фарсуда бо як лагат кушода шуд ва ман манзараи касофатбореро дидам...
Духтари беморам беёд мехобиду Баргиной бо духтури пакана лучи модарзод дар оғӯши якдигар аз дидани ман шах шуданд. Чизе нагуфта аз дар берун шудам, шаб то рӯз дар даруни мошинам гиристам, оре, чун занон барои қисмати талхам гиристам...
Рӯзи дигар писари апаамро хоҳиш кардам, ки рафта Баргиной ва духтарамро аз беморхона биёрад.
Ба модарам чизе нагуфтам, вале сарамро пеши пойи апаам монда зор- зор гиристаму хиёнати занамро нақл кардам.
- Оҳ бачат мурад Норгули ҷодугар, бо ин духтари дузди фоҳишаат!!! – гӯён апаам нола мекард.
- Даюс нашуда ӯро талоқ деҳ, писаратро ба девонахона супор, духтаратро бошад, худам мегираму ту зан гир, - маслиҳат дод ӯ.
...Аммо ман натавонистам, дилам ба ҳоли фарзандони беморам сӯхт. Ҳоли писарам дар девонахона чӣ мешаваду духтари нобиноям ба кадом аҳвол меафтад? Баргинойро талоқ додам, ғайри ҳардуямон касе намедонад. Бо ӯ гап намезанам ва тамоман наздик намешавам. Модарам низ чизеро пай бурдааст, ки хомӯш аст.
Намедонам чӣ ояндае маро интизор аст?
Н
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 23
Левин чи тавре мегуянд меваи хайёти инсон ин фарзанд АСТ
Хозири худо не бародар ояндаатонро фикр кунед бародар вакте ки пир шудед ба шумо фарзанди солим лозим АСТ то ки нигоху бин кунад зане лозим АСТ ки дар пахлуатон бошад додарчон