*****
Тоҷи ту бартари ҳар бартару озодаманеш*,
Хоки ту поктар аз ҳар табақу ҷодаву кеш.
Роҳдонон ҳама аз роҳи ту омӯхта равиш,
Пеш рав, пешӣ бароят азалӣ буду ҳамеш,
Тоҷикистон ба пеш!
-
Ба шукӯҳат нагузор камназарон кам бинанд!
Зи ту пояндатару собиту маҳкам бинанд.
Саъй кун дар қадамат як қадаме зам бинанд!
Дили бадхоҳ зи навмедӣ шавад пораву реш!
Тоҷикистон ба пеш!
-
Пеш рав, рӯҳи ниёгони ту то шод шавад!
Ба сари даҳр зи нав халқи ту устод шавад.
Олам аз юмни қадамҳои ту обод шавад,
Сари ангушт газад баҳри ту бегонаву хеш!
Тоҷикистон ба пеш !
-
Сулҳу осудагӣ то хоки туро мустақаранд*,
Ҳама шоҳони ҷаҳон бар шаҳи ту рашк баранд.
Мардуми бошарафат то ба ҳанӯз тоҷваранд,
З-ин саодат чи бувад мартабаву рутбаи беш?!
Тоҷикистон ба пеш!
-
То абад боқӣ бимонад шарафу иззати ту!
Қадаре кам нашавад қадри туву қиммати ту!
Наравад лутфи Худо аз сари ин миллати ту!
Ин бувад майлу таманнои Муродиро ҳамеш,
Тоҷикистон ба пеш!
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ) 03.2024.
-
Озодаманиш*-маънои зиёде дорад, дар инҷо ба маънои " наҷибу соҳибтоҷ" омадааст. (Тоҷи ту аз ҳар наҷибу соҳибтоҷе болотар аст, ба ҳамин мазмун)
Мустақар* - ҷои иқомати доимӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев