Бар сари раҳ нишаста гул, замзамаи ҳазор ку?
Гул ба чаман кушод даст чодари чархи нилгун,
Соғари аиш кард пур ғунча зи маи хумор ку?
Гашта ҳавои бустон тавбашикан зи шабнаме,
Сози навои булбулу соқии гулузор ку?
Гул ба чаман кушод ру, ваъдаи васл медиҳад,
Саҳл бувад нишастанам, дидаи интизор ку?
Булҳавасони ошиқи баста ҳино басе ба даст,
Дастҳино нигор нест, даст ба хун нигор ку?
Гушанишини дил кунам дида вале замонаро
Баҳри намудани рухат қавл куҷо? Қарор ку?
Ваъда ба ишратам диҳи фасли баҳори зиндаги
Гардиши даври дунпараст ин ҳама эътибор ку?
Эи ки навишта медиҳи фатви ба ихтиери ман,
Дасти манасту доманат, риштаи ихтиер ку?
Киштии чашми офият бар сари мавҷи фитна аст,
Боди мурод дар куҷо? Равшании канор ку?
Махфи агар чашидаи чошнии шаҳодате,
Равшании чароғи ту, лавҳи сари мазор ку?
(Зебуннисо - Махфӣ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев