Предыдущая публикация
Гуфтам, ки ҳама шавқ, зи чашмони Шумо.
Пурсид: Чаро, пас ту зи пешам бигурезӣ?
Гуфтам, ки набошад гунаҳам, айби ҳаё.
Гуфто ки: Туро шоҳи Самарқанд бигўям?
Гуфтам: Чӣ аҷаб ҳарф? Киро боз? Мардо.
Гуфто ки, ту гаҳ ноз кунӣ, гаҳ нашиносӣ,
Ин нози падарраҳмати мо обу ҳаво.
Гуфто ки ситамкории ту марз надорад,
- Ҳай- ҳай, ба забонат бинигар! Ҳарфи хато!
Гуфто ки сари қаҳр, туӣ заҳри асалрез,
Бар неши забон, нўши лабон чист? Даво!
Гуфто ки биё! Ё ки барам хеш ба наздат?
Ширинтар аз ин ҳарф магар ҳаст? Биё
Сурайё Хакимова
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев