Суханоне ҳикматомез аз Лев Толстой, нависандаи шаҳири рус 1. "Дар дунё лаззате, ки бо лаззати мутолеа (-и китоб) баробарӣ кунад, вуҷуд надорад." 2. "Дӯст доштан раҳмат аст, мавриди муҳаббат қарор гирифтан хушбахтист." 3. Мардони баландном ва боовоза ҳаргиз намемиранд, зеро ки гӯрашон қулуби наслҳои оянда аст." 4. "Касе аз дониши худ бархӯрдор мешавад, ки худ амал кунад." 5. "Некӣ ҳама чизро мағлуб мекунад ва худаш ҳаргиз мағлуб намешавад." 6. "Инсон танҳо барои некӣ кардан офарида шудааст." 7. "Бидуни донистани ин ки кистам ва чаро инҷо ҳастам, зиндагӣ номумкин аст." 8. "Башар то замоне ки зиндагиро ба унвони чизе муқаддас бовар надошта бошад ва ба ҳамнавъони худ ба чашми бародар нигоҳ накунад, зиндагии дигаронро табоҳ хоҳад кард." 9. "Миёни одамиён чизе нест ҷуз деворҳое, ки худ сохтаанд." 10. "Ҳама мехоҳанд башариятро тағйир диҳанд, аммо ҳеч кас ба тағйир додани хеш намеандешад." 11. "Башарият ба зоҳир нест, ба ботин аст." 12. "Бадтарин ва хатарноктарин калимот ин аст: "Ҳама ин тавранд!" 13. "Фарқи инсон ва саг дар он аст, ки агар ба саге ғизо бидиҳӣ, ҳаргиз туро гоз нахоҳад гирифт..." 14. "Ишқ варзидан кофист, онгоҳ ҳама чиз лаззатбахш аст."
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев