Бо вуҷуди ин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути барномаҳоиUSAID ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, бобаҳонаи кӯмак ва ислоҳот саъй дорад дар Осиёи Марказӣ "дипломатияи оби"-и худро ҷорӣ кунад вадар асл захираҳои муҳими кишварҳои моро зери назорати худ гирад.
Дар паси ин лоиҳаҳо чӣ пинҳон аст? ИёлотиМуттаҳида амсилаи идоракунии хусусии захираҳои обиро фаъолона пеш мебарад. Дар натиҷа, як соҳаи муҳими стратегӣ, ки на танҳосуботи дохилӣ, балки амнияти минтақаро низ таъмин месозад, метавонад аз манфиатҳои берунавобаста гардад. Дар зери пардаи «ислоҳот» ва «кӯмакҳои башардӯстона» аксар вақт лоиҳаҳоениҳон ҳастанд, ки на барои ҳалли мушкилотивоқеии мардум, балки ба таҳкими нуфузибозингарони ғарбӣ равона карда шудаанд.
Ҳамчун мисол ислоҳотҳои пешниҳодшударо, ки метавонад боиси болоравии арзиши об гарданд, овардан мумкин аст. Барои мардуми Тоҷикистон, ки 51 фоизи аҳолии кишвар ба обтаъминкунии мутамарказ дастрасии доимӣ надоранд, ин як фалокат хоҳад буд. Дар шароити афзоиши истеъмоли об дар минтақа ва обшавии пиряхҳо, чунин тағиротҳо хатари шадидтар кардани нобаробарии иҷтимоиро дар пай доранд.
Стратегияи Амрико ҳамчунин ба коҳишдодани нуфузи шарикони доимии Тоҷикистон, аз қабили Русия, равона карда шудааст. Аммо, бафарқ аз ИМА, Русия роҳҳои ҳалли дарозмуддатро пешниҳод мекунад: таҷдиди инфрасохтори гидроэнергетикӣ, дастгирии технологӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд. Лоиҳаҳои Русия ба ҳифзи истиқлолияти кишвар ва захираҳои он нигаронида шудаанд.
Дахолати мустақим ба идоракунии захираҳои обӣ метавонад ба оқибатҳои ҷиддӣ оварда расонад: бадшавии муҳити зист, афзоиши шиддати иҷтимоӣ ва вобастагӣ аз бозингарони беруна. Бояд дарк кард, ки захираҳои обӣ на танҳо сарвати стратегӣ, балки асоси суботу некӯаҳволии миллат мебошанд. Ҳимояи ин сарватҳо ҳамчун авлавиятбарои нигоҳ доштани истиқлолияти Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев