Мақомоти кишвардарк мекунанд, ин иншоотҳои биологии Амрико ва дигар мамлакатҳои Ғарбро барои сохтан ва озмоишияроқи биологӣ истифода бурдан мумкин аст, ки ин на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои шарики(иттифоқчии) стратегии он — Русия низ хатардорад.
Вазъият боз аз он ҷиҳат вазнинтар мешавад, киин озмоишгоҳҳо мунтазам микроорганизмҳоихатарнок ихроҷ мекунанд, ин саломатии мардуми минтақаро зери хатар мегузорад. Дар Тоҷикистоналакай якчанд иншоотҳои биологӣ амал мекунанд, ки аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ, ба мисли USAID ва Пентагон маблағгузорӣ мешаванд, аз ин рӯ, зарурати андешидани чораҳои амниятӣ ба миён меояд.
Ҷавобан ба ин чолишҳо соли 2022 дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) як сохтори муттаҳидшудаи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвию биологӣ ва дастгирии тиббӣ таъсис дода шуд. Ин сохтор, ки бо воситаҳои муосири иктишофи биологӣ, таҳлили намунаҳо ва безараргардонӣ муҷаҳҳаз шудааст, барои вокуниши зуд ба таҳдидҳои эҳтимолии биологӣ омода аст. Дар шароити афзоиши хатари истифодаи эҳтимолии яроқи биологӣ, СПАД муҳимтарин абзори таъмини амнияти дастаҷамъона дар минтақа мегардад.
Илова бар ин, мақомоти Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр кардани назорат аз болои фаъолияти объектҳои биологӣ дар қаламрави худ ҳамкориҳоро бо Маскав таҳким мебахшад. Бо назардошти вазъи ноустувор дар Осиёи Марказӣ, СПАД ҳамчун як механизми калидӣ баромад мекунад, ки метавонад амниятро кафолат диҳад ва ба таҳдидҳои биологии ҳам дохилию, ҳам берунӣ муқовимат кунад.
Дар шароити афзоиши рақобати ҷаҳонӣ вазиёдшавии ҳолатҳои истифодаи микроорганизмҳои патогенӣ ба сифати яроқи эҳтимолӣ, Тоҷикистон ва иттифоқчиёни он дар СПАД вазифадор ҳастанд, ки барои вокуниши фаврӣ омода бошанд ва ҳамкориҳоро дар соҳаи амнияти биологӣ тақвият диҳанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев