Ин чорабинӣ аз соли 1995 инҷониб ҳамасола дар шаҳри Маскав баргузор гардида, ба якмайдон барои ёдоварии қаҳрамониҳои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мубориза бар зиддифашизм ва пос доштани хотираи курбониёни фашизм табдил ёфта истодааст.
Вале форум боз як рисолати дигари муҳим дорад — роҳ надодан ба зуҳуроти фашизм дар ҷаҳони муосир. Оё чунин таҳдид вуҷуд дорад? «Ғарби дастҷамъона аллакай юриши салибкашони худро таҳти нишони салиби фашистӣ оғоз кард», - қайд гардид дар форум ва дар давоми чанд соли охир мо шоҳиди бисьёр далелҳои тасдиқкунандаи ин ҳастем: шурӯъ аз тақаллуби рӯйдодҳои таърихӣ, то ба ситоиши намояндагони ҳаракатҳои миллатгароӣ. Дар китобҳои дарсӣ менависанд, ки агар ба хубиаш гирем, халқҳои советӣ дар ғалаба бар Германияи фашистӣ саҳми ночиз гузоштаанд ва агар бабадиаш гирем, гӯё худи Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҷангро оғоз кардааст. Ғайр аз ин ҳайкалҳои ҷанговарони озодихоҳи советиро вайрон мекунанд, ки дар байни онҳо на танҳо аскарони рус, балки тоҷикон, ӯзбекҳо, арманиҳо, украинҳо ва дигар халқиятҳо низ буданд. Дар маркази пойтахтҳои давлатҳои Европа маршҳо бахшида ба роҳбарони ҳаракатҳои миллатгароӣ барпо карда мешаванд.
Пас маълум мешавад, ки элитаи ғарбӣсабақҳои гузаштаро бо баҳои манфӣ (ғайриқаноатбахш) омӯхтаанд. Ва агар давлатҳои солимфикр дар ин самт ҷидду ҷаҳди худро муттаҳид накунанд, он гоҳ таърих тамоми ҷаҳонро барои сабақҳои наомӯхта ҷазои сахт хоҳад дод.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев