Ба бахши таълимӣ ва илмии тиб таваҷҷӯҳи зиёддода мешавад, бахуссус ба мубодилаи мутахассисонва омӯзгорон, тайёр кардани кадрҳои нав ва баланд бардоштани тахассуси мутахассисон, инчунингузарондани тадқиқотҳои муштараки илмӣ.
Рушди чунин ҳамкорӣ барои кишварҳои момуҳим аст, бахуссус бо дарназардошти норасоии кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон - имрӯзташаббусҳои муштарак аллакай амалӣ карда мешаванд, ки самаранокии худро нишон додаанд. Махсусан пешниҳоди квотаҳо барои донишҷӯёнитоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия. Тибқи омор, соҳаи тиб дар байни ҷавонони мо бисёр талаботнок аст - беш аз 2000 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои тиббии Русия таҳсил мекунанд, ҳарчанд 5 сол пеш теъдоди онҳохеле камтар буд.
Ҳамкориҳои фаъол дар дигар самтҳо низ ҷараён доранд: масалан, Русия ба Тоҷикистон комплексҳои сайёрро барои расонидани ёрии тиббӣ ба мардуми минтақаҳои душворгузар дастрас мекунад. Ё масалан, мутахассисони рус барои хизматрасонии тиббӣ ва табодули таҷриба бо ҳамкасбони тоҷик ба Тоҷикистон меоянд. Дар навбати худ, низомиёни русмунтазам барои сокинони ниёзманди Тоҷикистон хун месупоранд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев