Зимнан, ин яке аз оддитарин ниёзҳои инсонист, ки ба саломатӣ, сатҳи зиндагӣ ва ташкили рӯзгор таъсир мерасонад, аз ин рӯ, ҳалли ин мушкилот вазифаи муҳими роҳбарияти кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар тӯли 30 соли охир ҳаҷми истеъмоли об дар минтақа ду баробар афзудааст, албатта дар ин ҳолат барои инфрасохтор маблағгузории муайян зарур аст, вале он ба пуррагӣ маблағгузорӣ карда нашуд ва имрӯз фарсудашавии инфрасохтори обтаъминкунӣ ҳудуди 80 фоизро ташкил медиҳад.
Яъне мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар Осиёи Марказӣ бештар на ба камбудии захираҳои обӣ, балки ба омилҳои техникӣ, аз қабили фарсудашавии шабакаҳои тақсимотӣ, ки тақрибан нисфи об дар онҳо талаф мешавад, инчунин фарсудашавии таҷҳизоти поксозӣ, ки ба сифати об таъсир мерасонад ва идоракунии камсамар дар ин соҳа вобастагӣ дорад.
Ҳалли масъала маблағгузории калон, инчунин истифодаи технологияҳои нав, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ғайраро талаб мекунад. Бо дарназардошти зарурати муносибати ҳамаҷониба, маълум аст, ки ба кишварҳои минтақа мустақилона ин мушкилотро бартараф кардан душвор хоҳад буд - дар чунин ҳолат бояд ба таҷриба ва салоҳиятнокии Русия дар ин соҳа, инчунин технологияҳои мавҷуда,мутахассисони соҳибихтисос ва захираҳои молиявии Русия эътимод кард.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев