Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!
Бо камоли адаб, эҳтиром, муҳаббат ва самимият ба шумо дустони азиз ҳамватанон ва кулли мардуми мусалмон:
Инак, ҳаммаи Шумоёнро ба омадани моҳи муборак,моҳи мағфирату раҳмат, моҳи Шарифи Рамазон табрикот гуфта,орзую тамманои онро дорам ки мо аз савобу аҷрҳои ин моҳи муборак бахравар гардем,чун ҳаммаи мо медонем ин моҳест, ки амалҳои пур аз нуқсон кардаамонро бишуем, ва дар ин моҳи муборак ҳар кас ба қадри тавони тушаи охирати худро омода мекунад.
Аз фурсат истифода бурда, якояки шуморо бо омадани моҳи мағфират моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, бароятон мағфирати гуноҳро аз даргоҳи Илоҳӣ таманно дорам.
Бигузор, ҳамеша садои дилнишини Қуръон дар хонадони мову шумо танинандоз бошад, хонаҳоямон бо намозҳои дили шаб нуронӣ гардад, амалҳои некамон ҳаргиз гусаста мабод ва махсусан қалбҳоямон нисбати ҳамдигар поку беолоиш бошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев