Шакли аризаро довталаб метавонад аз маркази имтиҳонӣ ё Маркази миллии тестӣ дастрас намояд. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, сабаби дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистани ӯ мушаххас баён гардад. Дар бораи сабаби ҳолатҳои узрнок, аз ҷумла беморӣ, фавти наздикони оила, садамаи нақлиётӣ ва ғайра ҳуҷҷати тасдиқкунанда низ бояд ба ариза замима карда шавад. Пас аз пур кардани шакли ариза довталаб онро ба Маркази миллии тестӣ ё маркази имтиҳонӣ пешниҳод менамояд.
Агар довталаби ариза пешниҳодкарда дар имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда натавониста бошад, новобаста аз қарори комиссияи дахлдор дар бораи ба довталаб иҷозат додан ё надодан барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ, ҳуқуқ дорад, ки дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок намояд. Яъне чунин довталаб метавонад дар санаи дар даъватномааш нишондодашуда дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок намояд.
Инчунин, довталабе, ки дар имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда, бо сабаби узрнок дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок карда натавонистааст, ҳуқуқ дорад, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод намояд.
Имтиҳонҳои иловагии қисми А (имтиҳони умумӣ) рӯзи 18‑уми июл ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) рӯзи 19‑уми июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод кардаанд, тавсия медиҳем, ки шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои 224-53-67, 224-53-68, 224-53-73 барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.
Ёдрас менамоем, ки онҳое, ки дар даври асосии бақайдгирӣ ё бақайдгирии иловагӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро дар имтиҳонҳои иловагӣ надоранд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев