ГУШТИ ХУК НАМЕХӮРАНД?
Яке аз дӯстонам, ки
бештар аз 25 сол аст дар
Олмон аст бароям таъриф
мекард; гуфт:
-Ҳамкори Олмоние
(немис) дорам, як бор аз
ман суол кард:
-Чаро шумо гушти хук
намехӯред?! мехоҳам
далели илмиашро бароям
бигӯи то ки қонеъ шавам,
на далели шаръӣ.
Ман ҳам дар ҷавоб
гуфтам; фақат як соат
вақт мехоҳам то бо
таваккал ба Худо бо
забони олмонӣ ҷавоби
муносиб ва қатъӣ хоҳам
дод.
Аз сайтҳои интернет
шуруъ кардам ба ҷустуҷӯ,
бахусус дар сайтҳои илмӣ
бо забони англисӣ,
олмонӣ ва дигар
забонҳо... ончиро, ки
пайдо кардам диққати
маро ба худ ҷалб кард,
дар яке аз сайтҳои
олмонӣ ҷавоби суоламро
пайдо кардам "Шабакаи
Олмонӣ дар умури
муроқибатҳои арзишҳои
ғизоӣ" мухтасаре дар
мавриди гушти хук
навишта буд:
‹1› Хук ҷасад ва мурдори
бадбӯй мехӯрад, ҳатто
агар мурдор ҷасади
падараш бошад.
‹2› Хук ҳама чиз мехӯрад,
ҳатто идрор ва мадфуъи
худ ва дигар ҳайвонотро.
‹3› Миқдори заҳри
кушанда дар гушти хук 30
баробари гушти гӯсфанд
аст.
‹4› Хук арақ намекунад,
пусти хук мисли намад
аст, ба ҳамин далел
тамоми касифиҳоро дар
худ ҷамъ мекунад, ин худ
фоҷиа аст.
‹5› Барои ҳазм кардани
гушти гӯсфанд 6-9 соат
вақт лозим аст ва ҷигари
инсон барои ҷазб кардани
миқдори каме аз сум ба
вақти зиёде ниёз дорад,
аммо барои ҳазм кардани
гушти хук ба 1-2 соат вақт
ниёз аст, ба ҳамин далел
ҷигар пӯшида ва олуда аз
он заҳри кушанда хоҳад
шуд.
‹6› Хуки нар бо ҳар
ҳайвони дигаре ҷуфт
(зану шавҳар) мешавад,
ҳатто агар ҷуфташ ҳам
нар бошад. Ба ҳамин
далел хук манбаъи бисёре
аз бемориҳо аст.
‹7› Се соат баъд аз
куштани хук, аз баданаш
кирм хориҷ мешавад.
‹8› Дар гушти хук як
намуди кирме мавҷуд аст,
ки на бо пухтан ва на бо
сурх кардан аз байн
меравад.
‹9› Пухтани гушти хук ниёз
ба 6 соат вақт дорад,
гушти хук қобили сурх
кардан нест, зеро кам-кам
об мешавад, то чизе аз
он боқӣ намемонад
(монанди гушти инсон).
‹10› Дар сари хук лахтаи
хуни зиёде ҷамъ шудааст,
чунки хук ягона
ҳайвонест, ки
наметавонад сарашро ба
тарафи боло баланд
кунад.
‹11› Мӯй ва баъзе ҷойҳои
дигари хук ҷуз бо
сӯзондан аз байн
намеравад.
‹12› Хук чизҳоеро, ки
мехӯрад, ҳаргиз бӯ
намекашад, балки агар
хӯрокаш пок ҳам бошад,
қабл аз хӯрдан оби даҳон
ва биниашро ба он
мемолад.
‹13› Касоне, ки татуировка
мекунанд, аввал дар рӯи
пусти хук онро мекашанд.
Дӯстам гуфт: Ман ҳам ин
маълумотро ҳамроҳ бо
зикри манбаъаш барои
дӯсти Олмониам ирсол
кардам, ӯ ҳам пас аз
мутолиаи он тасмим ба
тарки хӯрдани гушти хук
гирифт ва ин матнро дар
бисёре аз сайтҳои олмонӣ
пахш кард, бо номи
мавзӯи:
"ЧАРО МУСАЛМОНОН
ГУШТИ ХУК НАМЕХӮРАНД"
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 9