Рамазон
Ҳамин чанд рӯзи башумор мондааст ба ворид шудани моҳи муқаддасу бузург барои мусалмонон.
Азизон, аввалан Худовандгор аз мо бипазирад ибодатҳои пур аз нуқсу хатоҳои моро ва савоби рӯзаи гирифтаро бо умеди подоши нек дар номаҳои мо сабт созад, аммо баъд...
Чун худ рӯза медоред аз гуфтани суханони лағву дурӯғу бӯҳтону ғайбат худдорӣ кунед ва сони он нафароне, ки ба сабабҳои гуногун рӯза дошта наметавонад таьну маломат назанед "рӯзахур" гуфта. Ин амали шумо мисли миннат мешавад, ки шумо рӯза медореду нафаре не. Ки рӯза медорад ё намедорад савобу гуноҳаш ба худаш аст ва ӯ масъули аъмоли худ аст на шумо.
Беҳтараш ё насиҳати нек агар ҳикмати панд додан дошта бошем ё дуои нек дар ҳақаш созем беҳтар аст.
Қозӣ нашавем, ҳукм набарорем. Рӯзаи доштаро пок нигоҳ дорем то охири моҳи муборак. Ёдамон бошад, ки рӯза доштан танҳо манъ аз истеъмоли обу таъом нест, балки ҳама узви мо бояд рӯза дорад. Рӯзаи чашм манъи дидани манҳиёт, рӯзаи забон нагуфтани ғайбату дурӯғу дашном, рӯзаи гӯш диққат надодан ба ҳарфҳои пучу ҳарза...
Некрафтор ва некгуфтор буданро шиори доимии худ созем, ҳатто дар моҳҳои ғайри Рамазон. Худо ҳамаи моро ба тавфиқу имону ахлоқи ҳамида зам созад
P. S Қурбонатон илтимос ҳамон хони таоми худро бо намозатон дар масоҷид акс гирифта дар шабакаҳо нагузоред. Чӣ лозим аз ин риёву худнамоӣ?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1