Қисми 8.
Аз утоқи сарвар садои дашному ҳақорат мебаромад. Гоҳ садои сармуҳандис баланд мешуд, гоҳ аз сарвар. Поён - назди кормандон фаромадам, то аз кори ҳамаи дастгоҳҳо дилпур бошам. Хубон дар қатори дигарон машғули кор буд, чанд маротиба сӯяш нигаристам, пурра ба кор дода шудааст.
Коля тамоми ноқилҳои ба замин рафтаро санҷида боз як маротиба бовар ҳосил кард ва наздам омад.
- Ба фикрам кори ман анҷом ёфт, - гуфт ӯ, - дар устохона камтар кор дорам.
- Дар устохона чӣ кор дорӣ?
- Ба тартиб меорам, сарвар огоҳ нашуда.
- Чӣ гуноҳ кардӣ?
- Ман не, ҳамкасбам... Аз ноқилҳо симашро ҷудо карда фурӯхтааст, ду халта танҳо пӯсти ноқил боқӣ мондааст.
- Ба ҳолаш гузору сармуҳандисро огоҳ кун. Фардо ӯро аз кор ронанд, ҳама камомад дар гардани ту мешавад.
- Биё, як маротиба бо чашмонат бин, - Коля маро ба устохона даъват кард.
Дар ҳақиқат, дар ду халтаи полиэтиленӣ пӯсти симҳо лаболаб буд.
- Шояд ба ягон ҷо истифода карда бошад? - пурсидам ман.
- Ноқилро пурра луч карда? Инро нигар, - гуфта Коля пӯсти симро аз халта берун овард, - ҳама ноқилҳои баландшиддат, медонӣ арзиши ҳар метри ин чанд пул? Агар арзиши ин ҳамаро ҳисобанд, Андрюша панҷ сол бемаош бояд кор кунад.
- Як лаҳза, - гуфтам, - шитоб намекунем. Ин кори танҳо Андрей нест, халтаҳоро гиру дар ягон ҷо паноҳ кун, то касе набинад.
Дар дилам ҳар гуна шубҳаву гумонҳо пайдо шуданд. Дилам гувоҳӣ медод, ки дар ин кор ё сардори смена, ё худи сармуҳандис ширкат доранд. Ман ҳамчун барномасоз ба барномаҳои муҳосибот дастрасӣ доштам, шабакаи коргоҳ умумӣ буд ва ворид шудан ба саҳфаҳои амалиётҳои онҳо мушкилоте надошт. Маълум шуд, ки моҳи гузашта барои азнавсозии хатти барқи зеризаминӣ ду ҳазору чорсад метр ноқил харидорӣ шудааст ва ҳафтае қабл ҳамин миқдор ноқил аз мувозанаи коргоҳ ихтисор шудааст. Яъне ноқилҳои кӯҳна аллакай дар ҳисоб нестанд ва амалиёти Андрей ҷиноят нест. Ба назди Коля баргаштам.
- Метавонӣ халтаҳоро ҳавола кунӣ, - гуфтам, - Андрей симҳои кӯҳнаро фурӯхтааст.
- Аз куҷо фаҳмидӣ?
- Аз муҳосибот, симҳо аллакай дар мувозана нестанд. То омадани ту ноқилҳои зеризаминиро иваз кардаанд.
Коля рафта даҳони яке аз халтаҳоро кушод ва навиштаҷоти рӯи пӯстро хонд.
- Ноқилҳо соли гузашта истеҳсол шудаанд, коргоҳ ҳар сол ноқилҳои зеризаминиро иваз мекунад?
- Маълумот надорам.
- Дар ягон ҷо нишона аз канда шудани заминро дидӣ? Шояд ман эътибор надода бошам?
- Ман ҳам эътибор надодаам.
- Ноқилҳои дар зери замин хобида аз алюминий ҳастанд, - Коля дари яке аз шкафҳои оҳаниро во карда ба ман нишон дод, - ноқилҳои лучшуда аз мис ҳастанд. Ту гуфтӣ, ки аллакай иваз шудаанд?
- Бале, ҳафтаи гузашта.
- Пас ман метавонам боқимондаашро аз худ кунам? Се печи дигар алҳол дар анборамон мехобад, ҳар печ панҷсадметрӣ.
- Шитоб накун, шояд онҳо бо дигар мақсад нигоҳ дошта шаванд. Калиди анборатон дар киҳост?
- Як калид дорем. Алҳол дар ман аст.
- Медонӣ, як ҳазл мекунем: дари анборатонро мӯҳр мезанем, ку бинем аҳволи Андрюша чӣ мешавад? Агар ором гардад, пас ҳамааш қонунӣ.
Коля розӣ шуд. Ман бошам, рафта дар коғазе "опечатано" навишта, дар рӯяш мӯҳри "ташкилоти давлатии ҳаҷви ба номи Никулини Воронеж"-ро сохта гузоштам. Коғазро дида Коля аз ханда печид ва онро дар дари анбор ширеш кард.
Нисфирӯз сармуҳандис маро ба утоқаш даъват намуд.
- Сардори сменаи шабонаро аз кор озод кардем, - гуфт ӯ, - мебинам, ки кӯшиши зиёд дорӣ, ба сарвар номзадии туро тавсия додам.
- Ман шабона кор намекунам, - гуфтам.
- Барои чӣ?
- Ҳамсарам дар сменаи рӯзона кор мекунад.
- Ҳамсарат ҳам ба сменаи шабона гузарад. Маоши сменаи шабона бист фоиз баландтар.
- Вазифаи худи маро кӣ иҷро мекунад?
- Худат.
- Бо як маош ду вазифа?
- Инашро бо муҳосибот маслиҳат мекунем.
- Виктор Николаевич, ман аз ӯҳдаи супоришатон набаромадам.
- Кадом супориш?
- Ду грамм кам кардани маҳсулот.
- Ана барои ноӯҳдабароият аз вазифаи барномасозиат озод мешавӣ.
- Бигузор... Бигузор маро пурра аз кор ронанд, ман аллакай дар дигар коргоҳ кор интихоб кардам.
- Ақлатро хӯрдӣ, ҷавонӣ накун. Ман туро санҷидам, аз имтиҳон хуб гузаштӣ. Гумон кардӣ бо ду грамм ману ту доро мешудем? Аз маслиҳати ману ту сарвар низ огоҳ аст. Рафтем ба муҳосибот, - сармуҳандис аз ҷо бархост.
Рости гап, хислати ин мардро нафаҳмидам, ӯ чӣ мехоҳад? Дина махсус дар ҳамин утоқ нишаста маслиҳати даромади иловагиро медод. Аз ҷайбам пули аз падарам гирифтаро дар дасташ додам. Гирифту дар кисааш халид.
- Як нафар наметавонад дар ду вазифаи масъулиятнок кор кунад, - гуфт сармуҳосиб, - ё барномасозӣ ё сардори смена нима бояд бошад.
- Дар як вақт наметавонад, - ӯро ислоҳ кард сармуҳандис, - Рома дар сменаи рӯзона барномасоз, дар сменаи шабона - сардор.
- Дуруст, лекин Рома дар ҳарду смена ҳам Рома мемонад. Агар ба якуним маош розӣ бошад, илоҷашро меёбем.
- Хайр, маслиҳат кунед, - гуфту сармуҳандис аз утоқ баромад.
- Агар якуним маош бошад, пас ман метавонам барвақт ба хонаам баргардам? - пурсидам аз муҳосиб.
- Барои чӣ? То анҷоми смена кор мекунӣ. Рӯзона ҳеҷ кор надорӣ, мешинӣ бинӣ кофта.
- Дарвоқеъ, аз бекорӣ, тасодуфан хабардор шудам, ки ноқилҳои зеризаминиро иваз кардаанд ва кори электрикҳоро чанд масъул қабул кардааст.
- Ман чӣ дахл дорам? - айнакашро аз чашмонаш гирифта пурсид муҳосиб.
- Барои кори анҷомёфта чор электрик ба андозаи кофӣ мукофот гирифтаанд. Лекин ду по дар як мӯза иқрор шуданд, ки аз мукофот дарак надоранд.
- Мо бо мукофот зарари аз онҳо расидаро рӯпӯш кардем.
- Пас ҳар корманд метавонад ҳам зарар расонад ва ҳам мукофот гирад? Чӣ гуна зарар мерасад вақте, ки кор иҷро нашудааст?
- Ягон шиноси боваринок дорӣ? - пас аз каме андеша пурсид сармуҳосиб, - Дар номаш вазифаи сардори сменаро тартиб диҳем ва маошро ту гирӣ?
- Дорам, тамоми вилояти Воронежро мешиносам. Чӣ гуна диплом дошта бошад?
- Фарқ надорад, зиндаву дарпо бошад кифоя. Лекин ба як шарт: аз маслиҳати мо касе воқиф нагардад.
- Ҳатман хабардор намешавад...
Ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ Хубонро огоҳ кардам, ки дар сменаи шабона кор хоҳам кард. Ӯ хурсанд шуд.
- Монда намешавед? - пурсид ӯ.
- Не, кор то нисфи шаб, ман дар паси дастгоҳ намеистам, дар утоқам низ истироҳат карданам мумкин.
Рӯзона тамоми кормандони идора дар коргоҳ мешаванд, дар сменаи шабона бошад, танҳо сардор ва муҳандиси бехатарӣ мемонанд. Як электрики навбатдор, посбон ва бригадир низ фаъолият мебаранд. Боқӣ ҳама занону духтароне, ки дар паси дастгоҳ кор мекунанд. Рӯзи
ҷумъа сменаи шабона кор намекунад, бинобар, пас аз анҷоми кор, кормандони сменаи аввал ҳамаи дастгоҳҳоро пурра шуста тоза мекунанд.
Хубонро гуселонида дастгоҳҳоро ба кор андохтам, кормандон аллакай ҳама дар ҷойҳои худ қарор доштанд.
- Боря канӣ? - пурсид зане, - бемор шуд?
- Хабар надорам, муваққатан вазифаи ӯро ман иҷро мекунам.
Кор дар цех шавқовар буд, ҳама вазифаи худро медонист. Нафаре дастгоҳҳоро бо қуттӣ таъмин мекард, нафари дигар онҳоро ҷо ба ҷо мегузошт, дигарон дар сари хат қатор саф кашида, қуттиҳои аз маҳсулот пургаштаро дар блокҳо мӯҳру сана гузошта мечиданд. Сменаи рӯзона мӯҳри санаи ҷориро дошт, сменаи шабона мӯҳри санаи рӯзи ояндаро. Ҳар маҳсулот дар қуттиҳои дигар ба шумори муайян чида мешуд ва боз тариқи хатҳо ба яхдон мерафт. Дар яхдонхона як нафар ҳамаро ба тартиб мечид. Вобаста ба супориш, нафаре маҳсулоти истеҳсолшударо ҷудо мекард, рақами супоришро навишта ва пас аз имзои сардори смена ба мошинҳо бор мекард.
Ман аз ба яғмо рафтани маҳсулот огоҳӣ доштам ва чӣ тавр аз дарвоза берун шудани онро низ медонистам. Ҳама амалиёт бо иштироки мудири яхдон ва посбон сурат мегирад. Бе иштироки онҳо як қуттӣ берун намебарояд. Бинобар пас аз имзо ҳар қуттиро шахсан мешуморидам ва ҳангоми бор кардан аз наздаш дур намешудам.
Аз ҳузур доштани ман гуселкунанда нороҳат мешуд, сигор аз паси сигор мекашид.
- Худи Боря канӣ? - ниҳоят пурсид ӯ.
- Ман имшаб ӯро иваз кардам.
- Танҳо як шаб?
- Намедонам, фармони маъмурият...
Дидам, ки чаҳор блок аз яхдон берун омада, ҳеҷ не гусел шавад. Аз рӯи тартиб дар болои он рақами супориш навишта бояд мешуд.
- Ин блокҳо соҳиб надоранд? - пурсидам аз ҷавон.
Гӯё блокҳоро бори аввал медида бошад, ҷавон наздиктар шуда ба онҳо хеле назар кард.
- Рақами супоришотӣ надоранд, бурда дар ҷояшон гузор, - гуфтам.
- Инҳоро ман наовардам, - гуфт ҷавон, - касе оварда бошад, худаш барад.
Ҳар як блок қариб понздаҳ кило вазн дошт ва аз чор намуд маҳсулот иборат буд - маска, йогурт, ҷурғот ва шир. Ҳамаро бурда ҷо ба ҷо кардам.
Кор дар цех ба маҷрои худ равон буд, ҳузур доштани ман дар он ҷо зарурат надошт, бинобар то анҷоми кор дар назди ҷавон, дар назди баромадгоҳи анборхонаи сард мондам.
- Ту дигар кор надорӣ? - ба таҳдид гузашт ҷавон, - туро дар сарам посбон гузоштанд?
- Супориши маъмурият, - гуфтам, - маҳсулоти истеҳсолшуда аз маҳсулоти ба фурӯшрафта хеле зиёд.
- Аз амалиёти мо худи маъмурият огаҳӣ дорад, балки супориш аз худи онҳост. Чор блокро ман вазифадорам, ки ҳар шаб ба пункти "Б" фиристам. Бовар надошта бошӣ, занг зада пурс.
- Аз кӣ?
- Аз Виктор Николаевич.
- Пагоҳ мепурсам, имшаб дер шуд.
Дар сменаи шабона корманд нисбат ба сменаи рӯзона кам буд, дар ду автобуси хизматӣ ҷо шудем. Ман аз истгоҳи худам фаромада ба хона расидам.
Хубон бедор буд.
- Гурусна будагистед? - пурсид ӯ.
- Не.
- Монда нашудед?
- Не.
Тағйири либос карда дар паҳлӯяш ёзидам.
- Хоб карда натавонистам, - гуфт Хубон, - Агар ба Тоҷикистон мерафтам, аҳволам чӣ мешуд? Одат кардам ба шумо, нав эҳсос кардам.
- Одат мекунӣ, - гуфтам, - кӯдак ба дунё ояд, маро фаромӯш мекунӣ.
Бовар доштам, ки пагоҳ Виктор Николаевич маро ба утоқаш хонда, сабаби монеъ шуданамро ба кори ҷавон муҳокима мекунад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Пас аз он, ки дастгоҳҳо ба кор даромаданд, сармуҳандис маро даъват кард.
- Ман туро огоҳ накардаам, - гуфт ӯ, - Мо ҳар шаб ба як шахс чор блок аз ҳар намуди маҳсулот мефиристем, вагарна коргоҳро маҳкам мекунанд.
- Маблағи чор блок аз кадом ҳисоб рӯпӯш мешавад?
- Ба арзиши умумӣ илова мекунем. Инаш вазифаи ту нест, лекин агар аз чор блок зиёд гуселонанд, дарҳол хабарашро ба ман мерасонӣ. Ман беҳуда туро дар ин вазифа пешниҳод накардаам. Маошат бештар шавад, рӯзгорат обод мешавад. Монда нашудӣ?
- Не.
- Аз паи корат шав.
Дилам гувоҳӣ медод, ки Виктор Николаевич дурӯғ мегӯяд, аммо медонистам, ки аз дасти баъзе мансабдорон ҳар кор меояд. Рӯзҳои аввали корам, пас аз он, ки дастгоҳҳо таъмир шуданд ва коргоҳ фаъолияти пештараашро идома дод, як ҳафта комиссия гаштугузор дошт. Санэпидстанция рафту андоз омад, андоз рафту боз кадом як ташкилоти дигар. Табиист, ки онҳо дасти холӣ коргоҳро тарк намекунанд. Ман, ки дар ошёнаи дуюм ҳастам, аз ҳама гуфтугузорҳо воқиф мешудам. Ва инак, як сол мешавад, ки касе "меҳмон"-и мо нест. Шояд ҳамон шахс коргоҳи моро "ҳимоя" кунад.
Дар ин муддати кор аксари кормандонро мешинохтам, ягон нафар аз кам будани маошаш шиква накардааст. Пас худи роҳбарияти коргоҳ ҳамаро ба танзим меорад. Қавл додам, ки дигар ба кори кормандони яхдон ва гуселкунандаи маҳсулот дахолат накунам. То анҷоми кор ҳамроҳаш будам ва ҳатто намедонистам, ки ҷавон чӣ ном дорад. Саҳифаи кормандони коргоҳро бо ишғоли вазифаашон кушодам. Саҳфа бо номи сарвар - Сазонов Александр Владимирович оғоз мешуд. Ҷонишини директор - се нафар, шӯъбаи кадрҳо - панҷ нафар, муҳосибот - шаш нафар... Лекин дар ошёнаи дуюм мо ин қадар зиёд набудем. Ду нафар дар муҳосибот, ду нафар дар кадрҳо, чӣ хеле, ки ҳоло ном мебаранд - шӯъбаи персонал, Виктор Николаевич ва ман. Шахсони дар рӯйхатбударо то ҳол надидаам, миёни онҳо тасодуфан номи ҳамсабақам Симонаро низ дарёфтам. Ном, насаб ва номи падарӣ, санаи таваллуд - ҳама аз ӯст, дар вазифаи коргузор адои вазифа мекардааст. Аммо чаро ӯро то ҳол вонахӯрдаам. Рақамашро доштам, занг задам.
- Рома, зинда ҳастӣ? - пурсид ӯ, - Дар куҷо гум шудӣ?
- Дар Тоҷикистон будам, - гуфтам, - нав баргаштам. Дар ҷустуҷӯйи кор ҳастам.
- Аз рӯи ихтисосат кор карданӣ бошӣ, огоҳ мекунам, маошаш кам.
- Худи ту дар куҷо кор мекунӣ?
- Ман кор намекунам. Бигузор шавҳарам маро таъмин кунад.
- Шавҳар кардӣ?
- Не, алҳол дар ҷустуҷӯяш ҳастам, - садои хандаи Симона омад, - мешиносӣ ягон марди дороро?
- Ман бошам зани доро меҷӯям, доро нашудӣ?
- Зан дорӣ-ку?! Ё сиёҳакат маъқул нашуд?
- Ду зан медоштам боз хубтар буд. Воқеъан, ҳамсарам дар коргоҳи "Эко-молоко" кор мекунад. Медонӣ, ҳамин хел коргоҳ ҳаст.
- Албатта медонам, холаам сармуҳосиби ҳамин коргоҳ.
- Холаат сармуҳосиб бошад, маро ба кор қабул мекунад?
- Намедонам, як маротиба занг занам?
- Кош ҳамин тавр мешуд.
(поёни қисми 8)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев