Қисми 4.
Ҳукумати шаҳр мактуби моро оиди ташкили осорхонаи "Из радио в гаджет" пазируфт ва мо - бо кӯмаки волонтёрҳо бинои барои осорхона ҷудогаштаро дар муддати кӯтоҳ ба тартиб овардем. Ҳар чӣ Егор Палич лозим донист, ба осорхона овардем ва ба маърази тамошо гузоштем. Худи Егор Палич ҳамчун корманди шӯъбаи ёдгориҳои таърихии шаҳр шуд, рӯзи кушодашавии осорхона аз ду мактаби шаҳр хонандагонро даъват кардем. Барои бачаҳо нақлҳои мӯйсафед бисёр шавқовар буд.
Ҳар гоҳ саволе пайдо мешуд, ба осорхона назди Егор Палич мерафтам, кӯмакашро дареғ намедошт. Ҳамзамон бо тарҳи барномаи худ машғул мешудам. Аз ҳисоби элементҳои радиову телевизор ва дар такя ба маълумотҳои шабакаҳои интернет дастгоҳе сохтам, ки рутубатро метавонист дар гармхонаҳо танзим кунад. Барои дар ҳарорати мӯътадил нигоҳ доштани гармхона гармкунаки оддии чинӣ харидам, ки он ҳам ба таври автоматикӣ гиро ва хомӯш мешуд. Равшанӣ бошад, баробари фурӯ нишастани офтоб дар дохили гармхона бояд таъмин гардад, аз рӯи ҳисоби ман тақрибан чор ҳазор люмен равшанӣ кофӣ буд, ки растанӣ шабонарӯз дар инкишоф бошад. Албатта чанд намуди химикатҳо вуҷуд доштанд, ки суръати инкишофро тезонанд, аммо ман мехостам ҳама чиз табиӣ бошад.
Падарам мехост аввал мошини ҳамкорашро харам, "мошини хуб аз даст наравад" - мегуфт. Нақшаи ман дигар буд, бояд лавозимоти заруриамро дастрас мекардам.
Ҳуҷҷатҳоямро ба мактаби ронандагӣ супоридам ва мошинро назди бинои истиқоматиамон овардем. Мошин дар сурат мошин буд, қисми поёниаш пӯсида, чархҳояш занг зада буданд.
- Беҳуда нася надодааст, - гуфтам ба падарам, - камтари дигар илова карда, навтарашро мехаридем.
- Навтарашро дертар - вақте ронандаи собиқадор мешавӣ, баъд мехарӣ.
- Ман ба ин мошин нишаста наметавонам, шарм медорам.
- Мошин хуб, танҳо каме пӯсидааст. Таъмир кун...
Дар ҷустуҷӯйи устое шудам, ки намуди мошинро каме ба тартиб орад. Аз шабакаи интернет рақамашро ёфта занг задам. Суроғаро пурсиданд ва гуфтанд, ки дар назди мошин мунтазир шавам. Дар як лаҳза ду ҷавон омаданд. Аз гирду атроф, зеру болояш хеле санҷиданд, маълумотҳоро ба воситаи шабакаи бозрасии автомобилҳо омӯхтанд.
- Мошини хуб, - гуфтанд, - дар садама иштирок накардааст ва як соҳиб доштааст. Ин гуна мошинро айни ҳол ёфтан маҳол.
- Албатта, - гуфтам, - барои шумо ҳарчӣ бештар таъриф кунеду маблағ ситонед.
- Барои мо фарқ надорад, мо арзиши хизматамонро аз рӯи нархнома муайян мекунем. Ҳатто метавонем мошинро харем.
Нархи таъмирро шунида ба падарам занг задам.
- Хеле хуб, - гуфт падарам, - таъмир кунанд, пулашро ман мепардозам.
Дар як коғази оддӣ, аз номи соҳиби мошин барои даҳ рӯзи тақвимӣ боварнома навишта додам.
- То даҳ рӯз худамон мошинро дастрас мекунем, - гуфтанд ҷавонон ва мошинро савор шуда рафтанд.
Аз дар саҳни ҳавлӣ набудани мошинам хурсанд шудам, аммо Хубон хавотир буд.
- Мошинро гирифта гурезанд-чӣ? - пурсид ӯ.
- Гирифта гурезанд - обрӯи мо! Сониян ҳуҷҷати аслии мошин дар ман, давидани гӯсола то каҳдон... Рақами телефонам дар боварнома навишта шудааст, корманди бозрасӣ ба ман занг мезанад.
- Ба ҷавонони ношинос бовар кардед?
- Аҳмақ нестам-ку, Хубон, сурати шиносномаашро гирифтам. Ба инҳо музди корашон лозим, барои як мошини пӯсида обрӯи коргоҳашонро намерезанд. Дар даромадгоҳи коргоҳамон як мошини кабуд меистад, дидӣ?
- Аҳамият надодам...
- Соҳиб надорад, аз кист - касе намедонад. Мошин паспорт надошта бошад - мошин нест, тӯдаи оҳан! Даҳ рӯз мунтазир шав, мошинро меоранд. Пулашро пас аз таъмир медиҳем, мо ҳамин тавр шарт кардем.
То даҳ рӯз ҳам нарасид, пас аз як ҳафта занг зада гуфтанд, ки мошин омода, вале боварномаро гум кардаанд, наметавонанд дастрас карда. Дертар фаҳмидам, ки усули корашон чунин аст. Пули таъмирро пурра мепардозӣ, баъд дастрас мекунанд.
Аз кор ду соат барвақт баромада, барои гирифтани мошин шитофтам. Дар таъмиргоҳ чанд мошини ба садама дучоршуда низ мавҷуд буданд, дар тарафи дигар чанд мошини нави ялаққосӣ меистод. Мошини худамро меҷустам, ки ҷавоне омад.
- Шуморо мешунавам, - гуфт ӯ.
- Гуфтанд, ки мошинамро таъмир кардаанд, - гуфтам.
- Паспорти мошин канӣ?
Паспортро гирифта дар дасташ додам.
- Ана мошинатон, - гуфта як мошини навро ишора кард.
- Ин мошини ман нест, - гуфтам, - аз ман камтар дигар хел буд.
- Мошинатонро мешиносед? Ана, рақами қайди давлатиаш дар паспорт ҳаст, - ҷавон маро то назди мошин бурд, - мошин аз худатон?
- Аз ман, нав харида будам, ҳоло савор нашудаам.
Мошин дар ҳақиқат ҷило медод, аз зангу пӯсидаҳо осоре намондааст. Ба чашмонам бовар накарда ҳатто ҷойҳои пӯсидарехтаро палмосидам.
- Метавонед пурра санҷида, - гуфт ҷавон, - Мо фаршро низ пурра нав кардем ва бист сол барои кори иҷрошуда кафолат медиҳем.
Ҷавон рафта калиди мошинро овард ва муҳаррикро ба кор андохт. Дар дастам коғазе дод, ки дар он номгӯи корҳои иҷрошуда ва арзиши меҳнаткашон оварда шудааст.
Ба падарам занг задам ва ӯ дар як лаҳза онро пардохт.
Ман ҳанӯз ҳуқуқи рондани воситаи нақлиётро надорам, - гуфтам ба ҷавон, - Дар феҳрист хизмати дастраскунӣ ҳам оварда шудааст.
Албатта то манзилатон мерасонем, - гуфт ҷавон, - барои ин махсус коргар дорем.
Дар сари фармон нишаста худро лаҳзае ронанда тасаввур кардам. Агар худам метавонистам мошинро идора карда, Хубонро аз коргоҳ мегирифтам, мошинро дида ӯ низ дар ҳайрат мешавад.
Як марди солхӯрда омаду ман аз мошин берун шудам.
Метавонем ба воситаи заводи шир рафта? - пурсидам аз ӯ.
- "Экомолоко"?
- Бале.
- Албатта метавонем, якбора ҳамсарамро мегирам.
- Ҳамсаратон дар ҳамон ҷо кор мекунад?
- Сӣ сол мешавад.
- Ҳамсари ман нав ба кор пардохт.
- "Як духтари ғайрирус бо маълумоти олӣ ба кор омад" - гуфт ҳамсарам, ҳамон бошад? Як ҳафта шогирди занам шудааст.
- Худи худаш, тасодуфро бинед. Ман ҳам дар ҳамон ҷо кор мекунам...
- Ту дастгоҳҳоро ба кор андохтӣ?
- Бо кӯмаки як нафар...
- Офарин, маоши ҳамсарам се моҳ инҷониб хуб шуд, гуфт, ки дастгоҳро як ҷавон таъмир кард. Ин ту будӣ?
- Шаҳодатномаро гирам, ҳар бегоҳ ҳамсаратонро то хонаатон мерасонам.
- Ҳамсарам моҳи оянда ба нафақа мебарояд, лекин новобаста аз он туро ба меҳмонӣ даъват мекунем. Хонаи мо низ дар кӯчаи шумо, танҳо се истгоҳ болотар.
- Чанд сол собиқаи ронандагӣ доред?
- Чилу ду сол.
- Метавонед мошинро баҳо дода?
- Албатта, мошинат хуб, ин гуна мошинҳоро "аспаки коргар" мегӯянд. Мошинат бистсола, аммо то ҳол таъмир нашудааст. Дар ин муддат ҳамагӣ сиву ду ҳазор километр гаштааст, ки ин ниҳоят кам. Гуфтан мумкин мошин ҳанӯз нав.
- Лекин, агар бовар кунед, мошинро пас аз таъмир нашинохтам.
- Дидӣ, дар даромадгоҳ чанд мошин мехобад? Бачаҳо чунон таъмир мекунанд, ки ту барин соҳибаш намешиносад. Барои ҳамин мизоҷамон бисёр, дар мавсим бе истироҳат кор мекунем. Ягон мошин дар мо аз даҳ рӯз зиёд намехобад.
- Ба ман занг зада гуфтанд, ки боварномаро гум кардаанд, аммо мебинам, ки дар нишастгоҳи қафо мехобад.
- Мо бисёр фиреб хӯрдем. Мошини садамавиро ба эвакуатор бор карда ба таъмиргоҳ мебарем, чанд рӯз таъмир мекунем, боз то манзилаш мерасонем. Ана баъд сар мешавад : "гарон, айни ҳол пул надорем"...
Дар назди коргоҳ расида қарор гирифтем. Ба назди Хубон ва ҳамсари ронанда рафтам. Кор анҷом ёфта ҳама дастгоҳи худро мешуст. Гуфтам, ки ҳардуяшонро дар берун мунтазир мешавем ва баргашта назди мошин омадам. Ба ронанда мошини чанд муддат бекорхобидаи назди даромадгоҳро нишон додам.
- Мошин соҳиб надоштагӣ барин, - гуфтам.
- Соҳиб дорад, - гуфт ронанда, - ба мо ду сол пештар муроҷиат карда буд. Фурӯхтан мехост, нархамон рост наомад.
- Арзон гуфтед?
- Муҳаррикаш аз кор баромадааст, хароҷоташ бисёр. Мо инро таъмир карда, фурӯхта наметавонем. Нархи муҳаррикаш баҳои як мошинро дорад. Худаш вазнин, қариб ду тонна. Нафсаш бад, бисёр сӯзишворӣ истеъмол мекунад. Ҳозир харидор хароҷоти мошинро ба инобат мегирад.
- Нафси мошини ман чӣ хел?
- Шаш литр.
- Барои як рӯз?
- Барои ҳар сад километр. Аз коргоҳ то хонаат чӣ қадар?
- Ман намедонам, ҳисоб накардаам.
- Даҳ километр бояд бошад. Рафту омад - бист, светофору тамбашавиро ба ҳисоб гирем - бисту ду... Ба ҳисоби миёна бо шаш литр бензин чор рӯз ба кор рафта меоӣ, агар ба чапу рост тоб нахӯрӣ.
- Чӣ хел тоб нахӯрам? Тоб мехӯрам албатта.
- Маъшуқа дорӣ?
- Не.
- Маъшуқа, ки савор шуд, хароҷоти мошин бисёр мешавад. Ман ҳам ҷавон будам, медонам.
- Не, надорам. Кӯшиш мекунам, ки надошта бошам.
- Ману Галя сиву ҳафт сол ҳамроҳ зистем, оила доштам вале бо як духтар будам. Маош пурра ба ӯ сарф мешуд, нозаш бисёр, ҳар рӯз як чизи нав мехоҳад. Ниҳоят аз баҳраш баромадам. Ягон маъшуқа мисли ҳамсарат намешавад. Маъшуқа талаб мекунад, ҳамсарат таҳаммул.
Хубону Галя низ омаданд. Хубон низ мошинро нашинохт.
- Мошини худамон таъмир нашуд? - пурсид ӯ.
- Нашинохтӣ? Ман ҳам бори аввал нашинохтам, - гуфтам хандида, - нав барин метобад?
Мошинро дар назди бино гузошта мард бо ҳамсараш пиёда шуданд. Ба хона даъват кардем.
- Чанд муддат бо Галя саёҳат накарда будам, - гуфт мард, - се истгоҳ пиёда меравем.
- Рӯзи якшанбе ҳардуятонро ба меҳмонӣ даъват мекунем, - гуфтам, - палави тоҷикӣ мехӯрем.
Ҳамсараш Галя ба Хубон мисли устод буд, корро дар сари дастгоҳ омӯхт. Рӯзҳои наздик ба нафақа мебарояд ва даъвати ҳардуро зарур шуморидам.
Ҳам падарам ва ҳам модарам қариб ҳар бегоҳ бо дастовез меоянд. Шифоёфтагон албатта чизе ба онҳо медиҳанд. Шоколад, вино, коняк, ҳар гуна сувенирҳо, гулдаста, чой, қаҳва, хулоса ҳама чиз, танҳо пул не. Падарам наменӯшад, дирӯз ба як сантехник чор шиша коняк дода гусел кард. Ду шиша ба устоди Хубон низ медиҳем.
Хубон ба хона даромаду ман волидонамро мунтазир шудам. Падарам низ аз таъмир гаштани мошин хурсанд буд, вале онро дида дар ҳайрат нашуд.
- Дидӣ, чӣ хел мошини зебо? - пурсид ӯ, - Ман дар ин мошин бисёр нишастаам. Мошин ҳоло аз ҳудуди шаҳр берун набаромадааст.
- Шумо шаҳодатномаи ронандагӣ доред?
- Надорам, мошинро Володя идора мекард. Медонӣ Володя чанд сол дорад?
- Соҳиби пештараи мошин?
- Бале.
- Аз панҷоҳ боло ва аз шаст поён.
- Володя ҳафтаи гузашта ҳаштоду ду сола шуд.
- Чӣ, ҳаштоду ду сола?
- Боварат намеояд? Ҳоло клиникаи хусусӣ дорад, ӯ доруи ҷавониро ихтироъ кардааст.
- Аз доруи худ истеъмол мекунад?
- Албатта, бори нахуст доруро дар худ таҷриба кардааст.
Ҳарду оҳиста қадам зада ба хона рафтем. Худ ҷавон будам, медонистам, ки рӯзе ман ҳам пир мегардам. Аммо чӣ тавр муқобили қонуни табиат баромадан мумкин? Наход дору одамро ҷавон нигоҳ дорад? Дар сар суоли бисёр аз паси падар ба ҳуҷрааш даромадам.
- Танҳо бо истеъмоли дору одам ҷавон намемонад, албатта тарзи қабул ва шароити муҳит низ таъсири худро дорад, - суханашро идома дод падарам, - Володя ҳамаи талаботҳоро худаш риоя мекунад.
- Чӣ хел талаботҳо масалан?
- Ӯ гӯшти ҳайвонро истеъмол намекунад, шароб наменӯшад, сигор намечокад, аз оби газнокшуда парҳез мекунад, моҳии яхкардаро пухта намехӯрад. Ҳар субҳу шом як соат пиёда мегардад.
- Бе дору ҳам агар ин талаботҳо иҷро шаванд, одам сад сол умр мебинад.
- Бе дору одамӣ бо мурури солҳо пажмурда мешавад, доруи ӯ пӯстро ҳамеша таранг ва тоза нигоҳ медорад. Володя профессор, номзади илмҳои тиб, ҳоло айнак нагирифтааст, нав мӯйҳояш сафед мешаванд. Доруи ӯ ҷисмро аз пиршавӣ тӯли даҳсолаҳо нигоҳ медорад. Мумкин аз соли оянда ман низ ба шифохонаи ӯ ба кор гузарам.
- Клиника чӣ мешавад? Модарам дар клиника мемонад?
- Муаллифи рисолае, ки Володя дифоъ кард, ҳарду ҳастем. Чанд маротиба дар доманаҳои Элбрус будем, аз рӯи тавсия ва нишондодҳои Сино чанд муддат дар ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш машғул шудем. Хусусиятҳои ҳар як гиёҳро омӯхта, аз қариб сӣ намуди онҳо доруи ҳамешаҷавон омода кардем.
(поёни қисми 4)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев