Рӯзе зан назди шавҳари худ нишаста буд ва бо забони миннат гуфт: Ту қадри иффтати ман чи донӣ ва қимати салоҳи ман чи шиносӣ, ки ман дар салоҳу покдомани Зубайдаи вақтам.
Мард гуфт: Рост мегӯӣ, аммо иффати ту аз натиҷаи иффати ман аст. Чун ман дар назди Парвардигор афиф бошам, Ӯ туро дар исмат нигоҳ медорад.
Зан хашмгин шиду гуфт: Ҳеҷ кас занро нигоҳ натавон дошт ва агар ман афифа ва покдоман набудам, ҳарчи мехостам мекардам.
Мард гуфт: Туро иҷозат додам, ба ҳарҷое мехоҳӣ, бирав ва ҳарчи мехоҳӣ, бикун.
Рӯзи дигар зан худро биёрост ва чодар бар сар кардд ва аз хона берун шуд ва то шаб дар гашт буд, аммо ҳеҷ касе ба ӯ аҳамият надод, магар як наврас, ки танҳо чодари ӯро кашиду рафт.
Чун зан ба хона даромад, мард гуфт: Ҳама рӯз гаштӣ ва ҳеҷ кас ба ту назар накард, магар як писарбача, ки ӯ низ раҳоят карду рафт.
Зан гуфт: Ту аз куҷо медонӣ? Магар маро таъқиб доштӣ?
Мард ҷавоб дод: Ман дар хона будам, аммо дар умри худ ба ҳеҷ зане бо чашми бад нигоҳ накардам, магар замоне, ки навҷавон будам, гушаи чодари занеро гирифтам ва дарҳол пушаймон шуда, уро раҳо кардам. Донистам, агар касе қасди ҳарами ман кунад, беш аз ин набошад.
Зан дар пойи шавҳар афтоду гуфт: Маро маълум, шуд, ки иффати ман аз иффати ту аст.
Гуфтам ки макун, гуфт макун то накунам
Ин як суханам чунон хуш омад, ки мапурс.
АЗ ҲАР ЗОВИЯ t.me/azharzoveya
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4